Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

4-11-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 360 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Дар даврони 25 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар хосатан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди мардуми мамлакат се самти асосию стратегиро пеша кардаанд. Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.

Оғози корҳои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2”, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА - 1000, таҷдиди нерӯгоҳи Барқии обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, Зеристгоҳи барқии “Хатлон”, Хати интиколи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб Шимол”, ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2 - и Душанбе бо иқтидори 300 мегаватт, аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ буда, бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ва зиёда аз нерӯгоҳҳои хурду бузург ба истифода дода шуданд.

Яке аз тадбирҳои бузурги ҳукумати кишвар дар амалисозии ин раванд ин эҳёи бунёди НОБ-и Роғун ба ҳисоб меравад. Сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш ҳанӯз дар солҳои 70- уми асри XIX оғоз гардида, бо баъзе сабабҳо сохтмони он қатъ гардида буд. Тибқи нақшаи генералӣ неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад.

Санаи 29.10.16. дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро тариқи оинаи нилгун томошо кардем. Ин тадбири муҳими ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва башардӯстонаи худ барои мардуми кишвар ғамхорӣ менамоянд. Пешвои миллат зимни суханронии худ таъкид намуд, ки тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад. Мо мардуми кишвар иқдомҳои Ҳукумати кишварро дастгирӣ намуда, боварии комил дорем, ки дар рӯзҳои наздик аз мушкилии норасоии барқ роҳоӣ ёфта, ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасем.


Ҷамолиддин Абдукаримов,
сармуаллими кафедраи таърихи Ватани
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: