(дар ҳошияи суханрониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш)
Санаи 29.10.2016 барои миллати тоҷик воқеан як санаи бузурги таърихӣ буд. Зеро ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун барпо шуд. Ин рӯйдод боз аз он ҷиҳат хотирмон, ибратомӯз ва шарафовар буд, ки маҷрои дарёи Вахшро шахсан Пешвои миллат дар зарфи 1,5 соат бо истифода аз булдозери вазнин тағйир дод ва ба бунёди сарбанди ин иншооти бузурги аср оғоз бахшид.
Бояд қайд намоем, ки то ин замон, яъне дар даврони истиқлолият кишвари мо дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар бахши даст ёфтан ба Истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта, тӯли ин муддат зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шудааст. Ин нукта баёнгари он аст, ки мо зина ба зина ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шуда, ҳамакнун ба қисмати ниҳоии ин нақшаи стратегӣ хеле наздик гаштаем.
Тавре маълум аст, ин роҳ барои халқи тоҷик осонгузар набуд. Аммо ба рағми ҳама душманони дохиливу хориҷӣ рӯҳи шикастнопазири миллат таҳти ҳимояи Пешвои миллат ва бо такя ба нерӯи созандаи ҷавонон ҳамаи ин марҳилаҳоро пушти сар гузошта, ба нуқтаи ҳалкунанда наздик омадааст. Тавре зикр гардид, агрегати якуми НБО Роғун охири соли 2018 ва агрегати дуюмаш моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд ва ба қавли Пешвои миллат “моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад ва нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад”.
Бояд гуфт, дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ ҳамвора эҳтиёҷ ба манбаҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Аз бартариятҳои мо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикист. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронашон дар ин чорабинӣ иброз доштанд, “захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад”.
Нуктаи дигаре, ки лозим ба қайд аст, бунёди ин иншооти аср танҳо ба як таъмини пурраи кишвар ба нерӯи барқ ва содири бақияи он ба хориҷ маҳдуд нашуда, дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ғайра аз зумраи бартариятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба як нерӯи иқтисодии минтақа табдил медиҳанд.
Аз ин рӯ бо дилпурӣ метавон гуфт, ки Роғун воқеан марзи номуси миллати тоҷик аст ва агар мехоҳем ҳамчун миллат ояндаи худро соҳиб бошем ва бақои халқи худро таъмин намоем, пеш аз ҳама мебояд бо шукргузорӣ аз озодиву истиқлол, хонаи ободу осуда ва фазои сулҳу ваҳдат аз чунин имконияти тақдирсоз васеъ истифода бурда, қувваву ғайрати ҷисмониву маънавии худро дар ин роҳ дареғ надорем.
Махсусан, барои мо ҷавонон ин майдони имтиҳони ватандӯстӣ ва исботи асолатмандиву номуси миллист. Дар чунин як шароити бесуботи ҷомеаи ҷаҳонӣ Роғун майдони ҳифзи рушноӣ аз ҳуҷуми зулмот аст. Майдонест, ки бо ғолиб омадан дар он ҳуқуқи маънавӣ пайдо мекунем, то ба оламиён дарси ваҳдату субот ва ҷасорати созандагӣ омӯзем. Ғолибияти мо дар ин майдон моро дар саросари ҷаҳон сарбаланд ва душманони берунаву асолатбохтагону бегонапарастони дохилиро сарафкандаву забун месозад.
Миллати тамаддунофар ва дар айни замон меҳнаткашу заҳматқарини тоҷик хуб медонад, ки ба беҳтарин шароити зиндагӣ сазовор аст. Ин аст, ки бо муттаҳид гардидан атрофи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллати худ мо ҳамасола ба пешравиҳои назаррас гоил гашта истодаем. Инак, бо шунидани суханрониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш ифтихори бузурге мардум ва махсусан мо ҷавононро даст дод. Бо дасти худ сарбанди Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро оғоз кардани Пешвои миллат нанги миллии мо ҷавононро дучанд сохта, наздик шудани музаффариятҳои бузургро дар роҳи ватансозӣ бароямон собит сохт. Ин аст рисолати Пешвои миллат, рисолати Қаҳрамони миллат, рисолати шахсияте, ки номаш абадан бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад шуд.
Дар охир лозим медонам ин таъкиди Пешвои миллатро зикр намоям, ки дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш хеле дурандешона гуфтаанд: “Бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар олами тағйирёбандаи оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаи худро соҳиб гардад ва мардуми Тоҷикистон масъулияти худро дар назди таърихи гузаштаву тақдири ояндаи миллат сарбаландона иҷро намояд”.
Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Орзу Ҳамидов – роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон.