Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- БУНЁДГАРИ КАЪБАИ НУР

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- БУНЁДГАРИ КАЪБАИ НУР

12-11-2018, 11:22
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Ё чи тавр иродаи қавии Пешвои миллат алорағми ҳама мушкилот чархаи аввали НБО Роғунро ба кор медарорад!
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- БУНЁДГАРИ КАЪБАИ НУР



Башарият ҳамеша қаҳрамонҳоеро тасаввур мекард ва дар хаёли худ месохт, ки бо фидокориҳои худ тавонанд онҳоро аз зулмот наҷот бахшида, роҳашонро ба сӯи оянда равшан созанд. Аз чунин андешаҳои хаёлпарастона шахсиятҳое тавлид ёфтанд, ки гӯё аз биҳишт оташро дуздида ба мардум равшаниву гармӣ бахшиданд ё барои равшан кардани роҳи мардум дар ҷангалзори торик ва роҳ кушодан ба сӯи озодиву рушноӣ гӯё дили худро аз сина барканда ҳамчун чароғи фурузон раҳкӯшои инсонҳо шуд... Рустами қаҳрамон ба наҷоти халқ бархоста, чашми девони торикдилро кур кард ва тилисмҳои Деви Сафедро шикаста, дидагони мардумро равшан ва онҳоро аз доми зулмоту торикӣ наҷот бахшид...
Ҳазорсолаҳо мардум дар орзӯи дидани қаҳрамони воқеӣ афсонабофиҳо карда, ҳазорҳо чунин қиссаҳоро эҷод карданд, ки хулосаи ҳамаашон як буд – қаҳрамон мардумро аз торикӣ наҷот дода, ба рушноӣ мерасонад...
Ба бахти миллати тоҷик, ки ҳазорсола зулмоту торикиро дар ҳаёти худ таҷриба намудаву дар орзӯи чунин қаҳрамонҳо афсонасозӣ мекард, ниҳоят ин ормонаш воқеият ёфту, ба мақсадаш расид. Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шуданаш ниҳоят соҳиби Қаҳрамони воқеӣ дар шахси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки аз баракати чашму дилу сухани равшанаш ба тадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфт.
Бадтарин зулмот ин ҷанги таҳмилии бародаркуш болои ин миллат буд, ки Пешвои миллат бо ғайрати мардона ва дили қавӣ аз баҳри ҷон гузашта мардумро сарҷамъ кард ва роҳро ба суи сулҳу ваҳдати комил равшан кард. Дигар зулмот, ки гуруснагии саросарӣ буд, аз андешаи равшани Пешвои миллат бо тақсим кардани заминҳои Президентӣ ва анҷом додани дигар тадбирҳои муҳимми иқтисодӣ ҳалли худро ёфт. Зулмоти дигар ин ҳамон фазои торике буд, ки бар асари сабабҳои зикршуда рӯи самои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифта, роҳи моро барои пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин банд мекард. Ин зулмоти ҷаҳолату таассуб буд. Пешвои мо бо баромад аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо суханони равшани забони тоҷикӣ пардаи ин зулмотро дарида, чашми оламиёнро ба сӯи ояндаи равшани кишварамон кушод ва тасаввури мардуми оламро нисбати миллати тамаддунофари тоҷик ба таври мусбат тағйир дод...
Дар ин раванд Пешвои миллат ҳамеша дар талоши равшанию гармии хонадони ҳар яки мо буд. Вақте Пешвои миллати тоҷик дар бораи сохтмони НБО Роғун ҳарф зад, нафақат ташкилотҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ, балки нисфи дунё амали шуданашро афсонаву хаёлпарастии тоҷикона гумон намуд. Аммо миллати тоҷик, ки иродаи матину устувори Пешвои худро медонист, ин воқеиятро бе дудилагӣ пазируфт. Чаро, ки ин марди Худо мардумро чандин бор аз чунин мушкилот наҷот додаву ба суи созандагию бунёдкориҳои бемисл роҳнамоӣ карда буд. Мардум ба ӯ чун ҳарвақта боварӣ доранду эътимод карданд. Мардуме, ки замоне бар асари зулмоти ҷаҳолат ва бо даъвати хоинону бегонагон дар хиёбонҳо барои куштани ҳамдигар рехта буданду бо даъвати ӯ оғуш барои ҳамдигар кушоданд ва сулҳро пойдор кардаву нигоҳ доштанд, ин дафъа бо даъвати Пешвои созандаи худ барои дастгирӣ аз тарҳи Роғун ва ба хотири расидан ба рушноии комил ба хиёбонҳо рехтанд ва барои саҳм гузоштан дар сохтмони ин каъбаи рушноӣ атрофи Пешвои худ, ки Худованд ӯро маҳз бо ҳамин гуна рисолатҳо фиристодааст, муттаҳид гаштанд.
Ин ҷо набардгоҳи рушноӣ барои расидан ба мақсадҳои умумимиллист!
Санаи 29.10.2016 барои миллати тоҷик воқеан як санаи бузурги таърихӣ буд. Зеро ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун барпо шуд. Ин рӯйдод аз он ҷиҳат хотирмон, ибратомӯз ва шарафовар буд, ки маҷрои дарёи Вахшро шахсан Пешвои миллат дар зарфи 1,5 соат болои Рахши оҳанин бо гурзи иродаи қавии рустамона тағйир дод ва ба бунёди сарбанди ин иншооти бузурги аср оғоз бахшид.
Бояд қайд намоем, ки то ин замон, яъне дар даврони истиқлолият кишвари мо дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар бахши даст ёфтан ба Истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта, тӯли ин муддат зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шудааст. Ин нукта баёнгари он аст, ки мо зина ба зина ба истиқлолияти энергетикӣ наздик шуда, ҳамакнун ба қисмати ниҳоии ин нақшаи стратегӣ хоҳем расид.
Тавре маълум аст, ин роҳ барои халқи тоҷик осонгузар набуд. Аммо ба рағми ҳама душманони дохиливу хориҷӣ рӯҳи шикастнопазири миллат таҳти ҳимояи Пешвои миллат ва бо такя ба нерӯи созандаи ҷавонон ҳамаи ин марҳилаҳоро пушти сар гузошта, ба нуқтаи ҳалкунанда наздик омадааст. Тавре зикр гардид, агрегати якуми НБО Роғун охири соли 2018 ва агрегати дуюмаш моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд ва ба қавли Пешвои миллат “Нерӯгоҳи Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад ва нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад”.
Миллат ганҷинаи худро бо роҳнамоии Пешво аз зери обу санг пайдо кард
Бояд гуфт, ки дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ ҳамвора эҳтиёҷ ба манбаҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Аз бартариятҳои мо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикист. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронашон дар чорабинӣ бахшида ба оғози сарбанди ин иншооти аср иброз доштанд, “захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад”.
Нуктаи дигаре, ки лозим ба қайд аст, бунёди ин иншооти аср танҳо ба як таъмини пурраи кишвар ба нерӯи барқ ва содири бақияи он ба хориҷ маҳдуд нашуда, дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ғайра аз зумраи бартариятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба як нерӯи иқтисодии минтақа табдил медиҳанд.
Аз ин рӯ, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки Роғун воқеан марзи номуси миллати тоҷик аст. Агар мехоҳем ҳамчун миллат ояндаи худро соҳиб бошем ва бақои халқи худро таъмин намоем, пеш аз ҳама мебояд бо шукргузорӣ аз озодиву истиқлол, хонаи ободу осуда ва фазои сулҳу ваҳдат аз чунин имконияти тақдирсоз васеъ истифода бурда, қувваву ғайрати ҷисмониву маънавии худро дар ин роҳ дареғ надорем.
Махсусан, барои ҷавонони миллат ин майдони имтиҳони ватандӯстӣ ва исботи асолатмандиву номуси миллист. Дар чунин як шароити бесуботи ҷомеаи ҷаҳонӣ Роғун майдони ҳифзи рушноӣ аз ҳуҷуми зулмот аст. Майдонест, ки бо ғолиб омадан дар он ҳуқуқи маънавӣ пайдо мекунем, то ба оламиён дарси ваҳдату субот ва ҷасорати созандагӣ омӯзем. Ғолибияти мо дар ин майдон моро дар саросари ҷаҳон сарбаланд ва душманони берунаву асолатбохтагону бегонапарастони дохилиро сарафкандаву забун месозад.
Сохтмони Роғун идеяи миллӣ ва ҳидояти илоҳист!
Пешвои миллат бо роҳандозии идеяи сохтмони иншооти Роғун миллати тоҷикро ба марҳилаи нави рушд ворид кард. Нахуст, аз лиҳози сиёсӣ дар моварои бархурдҳои ҷаҳонӣ ва ихтилофи назарҳо ҳатто дар сатҳи давлатҳои абарқудрат, Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба намоиш гузошта, Пешвои миллат бо иродаи матини сиёсӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намуд. Ин раванд обрӯи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб афзуд ва роҳро барои татбиқи пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии кишвар, махсусан дар масоили об боз кард. Дар ин замина, идеяи бо қувваи худӣ сохтани ин иншоот Роғунро ба меҳвари манфиатҳои миллӣ, ҳам аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию идеологӣ табдил дод. Яъне дар баробари он ки Роғун ба хонадони мо рушноӣ меорад, ба иқтисоди кишвар низ манфиат оварда, сатҳи некуаҳволии мардум низ дар ин росто беҳтар мегардад.
Аз сӯи дигар Пешвои миллат бо роҳандозии маъракаи идеологии Роғун собит сохт, ки иродаи устувор метавонад тамоми монеаҳоро бартараф созад ва халқро ба қуллаи мурод расонад. Собит сохт, ки инсонҳо қодиранд афсонаву хаёлотро ба ҳақиқат табдил диҳанд. Исбот кард, ки воқеан алорағми ҳама гуна монеаҳо иродаи қавии як инсон метавонад, ки миллатро бо ҳам оварда, дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатдорӣ, аз он ҷумла сохтмони чунин иншооти муҳими аср муттаҳид созад. Пешвои миллат бо оғози ин сохтмон собит сохт, ки воқеан барои ӯ манфиат ва хостаҳои миллӣ афзалтар аз ҳама хостаҳои дигар мебошанд. Бо сохтмони ин иншооти муҳим Пешвои миллат ба ҷаҳониён нишон дод, ки воқеан он миллате, ки тоҷик ном дораду Пешвояш бо номаш сидқан ифтихор дорад, миллати тавонову созандааст. Халқи тоҷик бо муттаҳид шудан атрофи ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат бар замми ҳама гуна мушкилот нишон доданд, ки ин камар бастанҳо ҷиҳати татбиқи ин ҳадафи олӣ ҳидоятест аз Парвардигори олам тавассути Пешвои муаззами миллат. Раванди ин марҳила нишон дод, ки Пешвои миллат воқеан бунёдгари Каъбаи нуру рушноист ва мо миллати хушбахти тоҷик барои ин атои беҳамто ҳамеша аз Худованд шукргузорем.
Тоҷик маҳбубтарин миллат назди Худост!
Миллати тамаддунофар ва дар айни замон меҳнаткашу заҳматқарини тоҷик хуб медонад, ки ба беҳтарин шароити зиндагӣ сазовор аст. Ин аст, ки бо муттаҳид гардидан атрофи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллати худ мо ҳамасола ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаем. Инак, ифтихори бузурге миллати тоҷикро даст дод, ки мо шоҳиди ба кор даромадани аввалин агрегати нерӯгоҳи Роғун мегардем.
Равшантарин гувоҳи он, ки тоҷик маҳбубтарин миллати Худост дар он зоҳир мегардад, ки Худованд аввалин калому китобашро ба миллати тоҷик нозил кард ва ахиран дар сангинтарин лаҳзаҳо наҷотбахше барояш фиристод. Аз ин ҷост, ки имрӯз тоҷик ба ҷаҳониён дарси иттиҳоду ягонагӣ ва созандагию бунёдкорӣ медиҳад. Ҳамзамон, мо кунун ба сохтмони ин Каъбаи нур мушарраф шудем. Воқеан, ин аст бахту саодат, ин аст рисолати Пешвои миллат, рисолати Қаҳрамони миллат, рисолати шахсияте, ки номаш абадан бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад шуд.
Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Абдулло РАҲМОНЗОДА – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: