Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАТАН МИЛОДИ РОҒУНАТ МУБОРАК

ВАТАН МИЛОДИ РОҒУНАТ МУБОРАК

1-11-2016, 09:56
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
ВАТАН МИЛОДИ РОҒУНАТ МУБОРАК
Мусаллам аст, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад, ки ҳанӯз аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро дар қатори ду мақсади бузурги дурнамои рушди Тоҷикистон муқаррар намуда буданд. Бо гузашти фосилаҳо ва расидани мо ба марзи 25–уми баҳори соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, ҷиҳати мушарраф шудан ба ин ҳадафи наҷиб корномаҳои фаровоне иҷро гардиданд. Метавон гуфт, бар асоси ҳидоятномаҳои Пешвои миллат мо воқеан хеле собитқадамона ба сӯи нур ва рӯшанӣ ҳаракат намудем, то ки кишварамон чароғону ба нуристон табдил гардад.
Қабули барномаи давлатии бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар Тоҷикистон воқеан марҳилаи тозаи расидан ба истиқлолияти энергетикиро суръат бахшид. Пеш аз ҳама сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду нерӯгоҳи бузург – Сангтӯда -1 ва Сангтӯда – 2, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА — 1000, таҷдиди нерӯгоҳи Барқии обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор — Хатлон”, Зеристгоҳи барқии “Хатлон” ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2—и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2—и Душанбе бо иқтидори 300 мегават раванди истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таҳким бахшида, бунёди, Хати интиколи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб Шимол”, вобастагии энергетикии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ коҳиш бахшид. Воқеан дар асоси ин барномаҳои бузургу ҳадафманд Тоҷикистон тавонист, ки бо дар назардошти захираҳои обие, ки дар ҳудуди худ дорад, дар асоси амалкарди барномаҳои ҳадафманди Пешвои миллат ба тадриҷ аз кишвари вобаста ба нерӯи барқ ба мамалакати истеҳсол ва содиркундаи нерӯи барқ тадбил ёфта, ҳамчун мабдаи нур ва рӯшанӣ дар минтақа эътироф гардид.
Марҳилаи асосии татбиқи ҳадафмандонаи барномаҳои дурнамои Тоҷикистони азизи мо дар ҷодаи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ҳам акнун шурӯъ мегардад ва ин таҷдид корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун маҳсуб мешавад. Хушбахтона коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ муқаррар намуданд, ки сохтмони ин нерӯгоҳи барқии бузург на танҳо ба ҳеҷ кишвари поёноб ва умуман минтақа зараровар аст, балки чӣ аз ҷиҳати техникӣ, иқтисодӣ ва амсоли ин бехатар буда, метавонад минтақаро бо нерӯи барқи арзон таъмин намояд. Вобаста ба ин баҳои баланди коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки ширкати итолиёвии Салини Империҷило дар тендери байналмилалии интихоби ширкати пудратчии Роғун ғолиб омада, бо ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ чанд моҳ пеш қарор дод ба имзо расонд.
Ҳамакнун нахустин паёми муборак ва хуҷастаи пешрафти муваффақонаи корҳо ба тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ва минтақа фаро расид. Бо ҳузури Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ барои бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун шурӯъ гардиданд.
Дар муддати 1,5 соат, яъне аз соати 10.00 то 11.30 шахсан худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори булдозери вазнин тавассути пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки воқеан барои тамоми мардуми Точикистон ва ҳатто минтақа муҳим ва чун сарчашмаи ҳаёти осоиштаву пурнур дониста мешавад, оғоз бахшиданд.
Тавре дар суханронии хеш дар маросими сохтмони ин сарбанд таъкид намуданд, неругоҳ аз 6 чарха иборат буда, қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр сохта мешавад, ки баландтарин садди заминӣ (гиливусангӣ) дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт—соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Дар канори ин, барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад.
Албатта мавзӯи баҳси сохтомони нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт ҳанӯз аз охирҳои солҳои 70 уми асри гузашта мавриди баррасӣ қарор дошт ва то расидан ба имрӯз дар ин замина корҳои муайяне ба сомон расонида шуда буданд. Вале мутаассифона корҳои мувофиқи мақсад ҷараён нагирифтанд ва дар натиҷа пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими стратегӣ ба поён расид. Танҳо соли 2009 бо ҳидояти Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асосан ба нерӯву тавон ва қудрати мардуми тоҷик такя намуда, бунёди онро ҳамчун ҳадафи бузург арзёбӣ намуданд, корҳо равнақи тоза гирифт. Хушбатона, офтоби иқбол боз ҳам рӯи Тоҷикистони азизи мо хандид, чун боз ҳам коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ва мутахассисон баҳои ҳаққонӣ доданд ва арзиши амалии ин лоиҳаро барои тамоми сайёра муҳим арзёбӣ намуданд.
Тавре таъкид шуд, бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамакнун на танҳо барои танҳо Тоҷикистон ба унвони кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон аҳамияти муҳими иқтисодӣ касб мекунад, балки дар амалишавии ҳадафҳои бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он низ метавонад таъсир гузорад. Аввалин ва муҳимтарин аҳамияти он пеш аз ҳама ба раванди вусъатёбии корҳои сохтмонӣ ва истифодаи босамари лоиҳаи CASA-1000: Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ таъсири босамаре хоҳад гузошт, ки дар навбати аввал ин асари муфид ба кишварҳои минтақаи мазкур дар ҷодаи бартараф намудани мушкилоти барқ дар ҳама фаслҳои сол маҳсуб меёбад.
Анҷоми сохтмони ин иншоот Тоҷикистонро ба таври воқеӣ ба сарчашмаи таъминоти нерӯи барқ ва дорои захираҳои бои энергетикӣ муаррифӣ менамояд, ки ин амр барои таҳкими ҳамкориҳои кишварамон бо мамолики мухталиф дар самти пайвандҳои гирдоэнергетикӣ ва ба роҳ мондани бунёди иншоотҳои дигари муҳим барои минтақа нақши муассир метавонад гузорад.
Ин нуктаи муҳимро Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии хеш дар ҷараёни ифтитоҳи корҳои сохтмонии сарбанди нерӯгоҳи Роғун таъкид намуда, изҳор доштанд, ки “Басо рамзист, ки ин рӯйдоди воқеан таърихӣ дар соли таҷлили ҷашни муқаддаси 25 —солагии истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон ба вуқӯъ мепайвандад ва дастоварди беҳтарини мардуми шарифи кишварамон дар ин сол мебошад”.
Он рӯз дур нест, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми минтақа паёми Нурро аз мавҷҳои Вахш ва таҷаллии зиёро аз офтоби хуршеди Роғуни он хоҳанд шунид, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҳамҷавор шукӯҳу парчами таърихии тоҷиконаро дубора чун сарзамини нурофарин ҷилвагар хоҳад намуд. Тавре дар суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, “Навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсол шуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд”. Умедворем, ки ин муваффақияти бузург ва ин дастоварди наҷиби аср Тоҷикистони азизи моро ба нуристон ва сарчашмаи рӯшаниву гармӣ мерасонад, зеро ба таъбири Пешвои миллат “Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад”.
Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон шурӯъи корҳоисохтмонӣ ва бунёди сарбанди неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки марҳилаи тозаеро барои миллати мо ибтидо бахшида, ба қавле кишвари азизи моро ба нуристон табдил хоҳад дод, ҳамчун Рӯзи милоди Нур ва ҳадяи нодиру чароғи ҳидоят ба сӯи ҷаҳони Нуру зиё, ки чароғдори он бевосита Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Нуралӣ Нурзод,
номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: