Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон коҳиш ёфтааст12-01-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
Давоми 11 моҳи соли 2015 аз ҷониби ноболиғон 632 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 85 (11%) ҷиноят кам аст. Дар ин бора рӯзи 11 январи соли равон, зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, давоми соли гузашта дар вилояти Суғд 173 ҷиноят (соли 2014 182 ҷиноят) - 9 ҳолати камшавӣ, вилояти Хатлон 148 ҷиноят (соли 2014 189 ҷиноят) - 41 ҳолати камшавӣ, ВМКБ 8 ҷиноят (соли 2014 22 ҷиноят) - 14 ҳолати камшавӣ, шаҳри Душанбе 160 ҷиноят (соли 2014 161 ҷиноят) - 1 ҳолати камшавӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи пойтахт 142 ҷиноят (соли 2014 142 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд дар ноҳияи Рашт 22 ҷиноят (соли 2014 17 ҷиноят) 5 ҳолати зиёдшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре дар варақаи матбуотии ин ниҳод дарҷ гардидааст, дар ин давра ноболиғон дар 1 ҳодисаи одамкушӣ, 427 ҳолати дуздӣ, 60 ҳолати авбошӣ, 3 ҳолати таҷовуз ба номус, 4 ҳолати ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта, 5 ҳолати тайёр намудан ва истеъмоли маводи нашъадор, 6 ҳолати қаллобӣ, 11 ҳолати ғоратгарӣ ва ба дигар ҷиноятҳо даст задаанд. Ба иттилои масъулини Вазорати маориф ва илм, соли 2015 дар ҷумҳурӣ 84 ҳолати ҳодисаи худкушии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Аз инҳо 48 нафар писар ва 36 нафарашон духтарон мебошад. ©И. ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.