Озмуни «Солномаи оила»22-10-2015, 16:48
Хабарро хонданд: 472 нафар
Назарҳо: 0
Дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен, бахшида ба «Соли оила» озмуни ноҳиявии «Солномаи оила» гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Пиров П, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Маматҷонова Д, намояндаҳо аз ҷамоатҳо, оилаҳои намунавии шаҳраку деҳот иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиш тантанаи ақди никоҳи Холиқов Фарҳодҷон ва Рустамова Мавзуна баргузор гардид. Ба 4 нафар тифлакони навзод, шаҳодатномаи таваллуд бо тӯҳфаҳояш супорида шуд. Дар охири озмун ба оилаҳои намунавӣ тӯҳфаҳо супорида шуд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.