Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲНИТ – ҳизби ифротгарою террорист (Муроҷиатномаи маорифчиёни шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

ҲНИТ – ҳизби ифротгарою террорист (Муроҷиатномаи маорифчиёни шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

14-10-2015, 10:58
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
ҲНИТ – ҳизби ифротгарою террорист (Муроҷиатномаи маорифчиёни шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон)Маорифчиёни шаҳри Сарбанд аз хотир ҳаргиз намебароранд, ки сулҳу салоҳ, ризоияти миллӣ ва зиндагии осоиштаи пур аз нозу неъмате, ки имрӯз ба мо даст додааст, ба осонӣ ба даст наомадааст.
Дар шароите, ки дар гирду гӯшаҳои олам ҷанг асту хунрезӣ, муҳоҷирати иҷборӣ асту гуруснагию қашшоқӣ ин ҳаёти осоиштаи мо ба чашми баъзе хоҷагони хориҷӣ ва ҳаммаслакони онҳо ба мисли хор мехалад.
Мо аз шабаки якуми телевизинони Ҷумҳурии Тоҷикистони рафти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дида баромадани аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилоти экстремистӣ, ифротгароӣ, террористӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро шунида ва аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” (аз 1-уми октябри соли 2015, №197 (22759)) хонда, нафрати мо нисбати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аъзоёни он зиёд шуда, ҳисси кинаву адовати мардум нисбати ин ҳизб боз ҳам афзун гардид.
Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстримистидоштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи ахбори омма норозигиву иғво ва кинаву адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд.
Дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-и онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабилӣ ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаву адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати Олии ин ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути рӯзномаи “Наҷот” ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар рӯҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монда истодаанд.
Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати Олии ҳизби номбурда, бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳодияи ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи таҳрезишуд, ки аз утоқи кории муовини Раиси ҲНИТ Ҳусайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта, гирифта шуданд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.
Ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи шаби 4-уми сентябр ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чораҳаи кӯчаи Айнӣ ва Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ нақша ва амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ҲНИТ ва ин мардони беномусу ватанфурӯш мебошад.
Мо, маорифчиёни шаҳри Сарбанд, намехоҳем дар арсаи ҷаҳолат монем. Ин озодӣ, ин тинҷию амоние, ки ба мо муяссар гардидааст, шукрона мекунем. Шукрона аз он мекунем, ки мо давлат дорем, шукрона аз он мекунем, ки миллатамон истиқлолияти комил ба даст оварда, баҳри рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ монда нашуда саҳм гузошта истодаанд. Мо аз муваффақиятҳои бадастомада ифтихор менамоем, тараққиёт ва ободии Ватанамон-Тоҷикистонро дида мефахрем.
Мо намегузорем, ки нохалафоне ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созанд.
Мардуми шаҳри Сарбанд, алалхусус маорифчиёни он фаъолияти роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ-ро сахт маҳкум намуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби террорист, экстримист ва ифротгаро мешиносанд.
Мо фаъолияти ҲНИТ ва гурӯҳҳои ифродгарои онро маҳкум карда қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди расман қатъ намудани фаъолияти онро ҷонибдорӣ менамоем ва ин қарор ҳамчун қарори саривақтӣ буда, барои миллат ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун обу ҳаво зарурӣ мешуморем.
Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян хоҳиш менамоем, ки фаъолияти ҲНИТ баста шуда, ӯ ҳамчун ҳизби сиёсии иғвоангез ва террорист донист шавад.
Мо ба мардуми шарифи Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҳар гуна фитнаву дасисаҳои муғризона дода нашаванд ва миллату сарзамини худро аз нақшаву андешаҳои нопоки ҳизбҳои манфиатҷӯ ва ашхоси иғвоангез ҳифз карда, зиракии сиёсии худро баҳри пойдории сулҳу салоҳ ва оромию ҳамдигарфаҳмии ҷомеа равона созанд.
Бо эҳтиром маорифчиёни шаҳри Сарбанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: