Сабабҳои ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он12-01-2016, 10:12
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳи таблиғотии доимоамалкунандаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзуи “Сабабҳои ҷинояткории ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он” бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №3 вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Профессор Н.Азимов, мушовири Прокурори шаҳр А.Ализода, мудири шуъбаи маънавиёти мақомоти иҷроияи шаҳр Ҷ.Тоҷиев, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Қ.Қурбонов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Наҷидуллоев ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа У.Билолӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз рӯи мавзуи вохӯрӣ Профессор Н.Азимов дар назди хонандагон баромад намуда, сабабҳои ҷинояткорӣ ва омилҳои манфӣ, ки ба содир шудани ҷиноят мегарданд, сараввал дар оила, мактаб, ҷомеа ва махсусан шабакаҳои интернетӣ мухтасар аз рӯи Қонунҳои амалкунанда бо мисолҳои мушаххас маънидод намуда, ба шунавандагон фаҳмонида дод. Баъд аз он дигар иштирокчиёни ин вохӯрӣ фикру андешаҳои худро нисбати ин мавзуъ баён намуданд. Дар охир байни хонандагон ва маърузачиён саволу ҷавоб доир гардид, ки шунавандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.