Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шоира фахри мо

Шоира фахри мо

7-10-2015, 13:40
Хабарро хонданд: 410 нафар
Назарҳо: 0
Шоира фахри моДонишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон боз як дастоварди худро дар вазъияти тантанавӣ қайд намуд. Донишҷӯйӣ курси сеюми ДДТТ Шоира Зулқайнарова дар Чемпионати Осиё оид ба бокс сазовори ҷойи 3-юм гашт. Ӯ дар миёни варзишгарони 16 давлат ва бо ҳарифони чиниву кореягӣ дар нимфинал ва дар финал ҳарифи монголияшро мағлуб намуда, дар ин бозӣ дастболо гардид.
Шоира қаблан дар Чемпионати ҷаҳон миёни донишҷӯдухтарон дар Якутияи Русия ва дар мусобиқаи байналмилалӣ дар ҷумҳурии Қирғизистон ҷойҳои дуюмро гирифта буд.
Файзалӣ Акрамов, ноиби ректор оид ба корҳои таълиму тарбияи ДДТТ таъкид намуд, ки аз қадим қаҳрамонии бонувони мо дар адабиёту таърих дарҷ гардидааст, ки ин нишонаи мақому мартабаи хешро доштани занони мо дар ҷомеа буд ва Шоира намунаи занони қаҳрамони таърихии мо мебошад.
Суҳбатулло Ҳикматов, декани шуъбаи ғоибонаи ДДТТ дар мавриди саъйю кӯшиши Шоира ҳам дар дарсҳо ва ҳам дар тамрину машқҳо ҳарф зада, баён дошт, ки фаъолият ва симои ӯ боиси пайравиву ибрати ҳамсолонаш бояд бошад.
Абдуалим Ҳомидов, роҳбари шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дастовардҳои ӯро муаррифӣ намуда, Шоираро боиси ифтихори натанҳо донишгоҳ, балки ҷумҳурӣ хонд.
Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Мадина Абдураҳмонова ва Садаф Сироҷова ширкат доштанд. Ҳамчунин донишҷӯдухтарони муассисаи олӣ низ барои ширкат ва табрики Шоира омада буданд.
©З. Сафарзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: