Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Кӣ Модар-Ватани мо, миллати тоҷикро, Тоҷикистони азизро ҳимоя мекунад?

Кӣ Модар-Ватани мо, миллати тоҷикро, Тоҷикистони азизро ҳимоя мекунад?

8-10-2015, 17:50
Хабарро хонданд: 484 нафар
Назарҳо: 0
Кӣ Модар-Ватани мо, миллати тоҷикро, Тоҷикистони азизро ҳимоя мекунад?Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ, дар ҳошияи амали намудани супориши Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва нақшаи ТҶ «Созандагони Ватан» оид ба баргузории аксияҳо зери унвонии «Мо ҳомиёни ин Ватанем» дар МТМУ №14 деҳаи Эшонқӯрғони ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ вохӯрии насли наврас бо волидайне, ки фарзандонашон айни замон дар хизмати ҳарбӣ мебошанд, баргузор гардид. Бояд гуфт, ки дар ин чорабинӣ на танҳо ҷавонон, балки волидайни онҳо, ки баъзан дар сафарбарии фарзанонашон ба хизмати ҳарбӣ монеа эҷод мекунанд, низ ширкат варзиданд.
Модарони сарбозон бо ифтихор нақл карданд, ки чӣ гуна фарзандонашон баъди расидан ба синну соли хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ азм карданд, ки барои адои қарзи фарзандӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, бо дастони худ ариза навиштаанд, ки ба хизмат раванд.
Дар ин вохӯрӣ яке аз модарон қайд намуд, ки «писарам баъди хатми донишгоҳ азм кард, ки аз мактаби обутоби мардӣ низ гузарад» ва дар хотимаи суханрониаш ин модари меҳрунону ҳалим низ баён доштанд, ки «пас аз гирифтани дониши олӣ ва хизмати Модар-Ватан писарам бод или пур метавонад, ҳаёти мустақилона оғоз намуда, ба диёру оилаи худ хизматашро давом диҳад.».
Яке аз иштирокчиёни ҷавони ин вохӯрӣ, дар раванди суханрони нисбат ба нигаҳдории Ватану миллат чунин ибрози ақида намуд; «Мо ҷавонон агар аз хизмати Модар-Ватан сар тобем, кӣ Модар-Ватани мо, миллати тоҷикро, Тоҷикистони азизро ҳимоя мекунад? Ҳар касе, ки ба Ватан хиёнат мекунад, ӯ ба модару хонадони ману шумо низ хиёнаткарда маҳсуб меёбад.».
Дар хотима, аз тарафи яке аз фаъолон, аъзои Шӯрои занони деҳа Гулнора Нормуҳаммедова воқеаҳои хунини моҳҳои охир рухдода шарҳ дода шуд ва он рӯзҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, аз тарафи умум саркардагони ин иғво маҳкум карда шуданд.
© Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: