Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таблиғот аслиҳаи бузурги аср

Таблиғот аслиҳаи бузурги аср

30-09-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 646 нафар
Назарҳо: 0
Таблиғот аслиҳаи бузурги асрБо ин мазмун дар Маркази саломатии шаҳрии №9 вохӯрии масъулони ҳизбӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Сино доир гашт, ки ин чорабинӣ тибқи дастури Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам С. Фаттоҳзода ҷиҳати омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он сурат гирифт.
Наҳтулло Назаров. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ҷамъомадро кушода, таъкид намуд, ки таблиғот воситаи асосии пешбурди ҷомеа аст. Дастовардҳои беназири халқи тоҷик дар ин муҳлати кӯтоҳи таърихӣ низ бо воситаи тарғибу ташвиқ метавонад поянда бошад. Зеро даври мо, ки даври иттилоот аст, метавонад ба шууру афкори махсусан ҷавонон таъсири манфӣ гузошта, фазои орому осудаи ҷомеаро халалдор созад. Тоҷикистон фазои иттилотии худро холӣ ва барои фаъолияти ягон гурӯҳу ҳаракате бояд намонад. Ин фазоро худи мо шаҳрвандон ва ватандорони содиқ бояд ба дасти худ бигирем. Ин Ватани бо заҳмати зиёд ободшударо аз ҷону дил ҳифз намоем.
Тағоймурод Орифӣ – муовини сардори маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавриди ҳунари суханварӣ ҳарф зада гуфт, ки ҳар яки мо вазифадорем барои ободии ин диёр ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории он ҳарфе гуфта бошем. Ин вазифаи муқаддаси ҳар як ватандор аст. Зеро фарҳангҳо танҳо тавассути заҳмату саъйю талоши соҳибфарҳангон пояндаву ҷовид мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо баҳри пояндагии ин Ватани маҳбуб ва ин фарҳанги қадими ниёгон бояд хомӯш набошем ва аз ҳунари сухнаварӣ ба хубӣ истифода бурда тавонем. Ҳар чорабиние, ки дар ташкилотҳо барпо мегардад, тавассути сомонаи ҳизбӣ, ки минбаъд он бо унвони info@hamsafon.tj ном бурда хоҳад шуд, паҳн карда шавад.
Абдулазиз Одинаев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баён дошт, ки воқеан корҳои таблиғотӣ назару таваҷҷуҳи хоси ҳар шаҳрванд, бахусус ҳар ҳизбиро мехоҳад. Пурмаҳсул намудани соатҳои сиёсӣ аз ҳисоби даъвати мутахассисон ва коршиносон, намояндаҳои илму фарҳанг бисёр зарур аст. Ба дарсҳои сиёсӣ ғайриҳизбиёнро низ даъват кардан муҳим аст. Зеро аз рӯйдодҳои ҷаҳон, вазъи сиёсии он бохабар будан ва ҷавононро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ хондан вазифаи ҳар шаҳрванд аст. Ҳамчунин аз ҳисоби шахсони фаъолу масъулиятнок сафи ҳизбро мустаҳкам ва афзун гардонидан зарур аст.
Дилшод Яҳёев, мудири бахши иттилоот ва воситаҳои электронии ахбори оммаи Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавриди тарғиби шакли нав, яъне тарғиби электронӣ баён дошт, ки аз сомонаҳои интернетӣ пурмаҳсул истифода намуда, чорабиниҳои ҳизбӣ, маводи ҷолиби роҷеъ ба мавзӯи ватандӯстиву хештаншиносиро дар онҳо дарҷ кунем ва аз ҷараёни чорабиниҳои дар ташкилотҳо гузаронидашуда иттилоъ, аксу видеоҳоро ҷой намоем. «169 ташкилот дар як сол на камтар аз шаш чорабинӣ мегузаронад, агар онҳоро дар сомона ҷой диҳад ин муваффақияти бузург аст. Мувофиқи натиҷаҳои мониторинг алҳол аз ҷониби шаҳрвандон ду сомона – facebook.com ва «Одноклассники» бештар мавриди истифода аст. Аз ин рӯ, аз ин сомонаҳо босамар истифода намуда, моҳияту мақсади чорабиниҳоро ба мардум расондаy зарур аст. Ҳамчунин, дар сомонаи «Ютуб» метавон наворҳои видеоии чорабиниҳоро низ ҷой намуд.».
Ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоии «Экспертиза» Қувваталӣ Бобоев дар хусуси ҷой намудани осори бойи адабиву фарҳангии тоҷик ба сомонаҳо, инчунин дар пайи дарсҳои сиёсӣ ҷорӣ намудани дарсҳои иқтисодӣ, пешниҳод карда шуд.
Н. Назаров дар охир роҷеъ ба сафари хидматӣ ба шаҳри Красноярски Федератсияи Русия ҳарф зада, ҷиҳати эҳсоси баланди ватандӯстии онҳо, пос доштани арзишҳои миллӣ дар он сарзамин таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки худшиносӣ ва ватандӯстии ҳамватанони мо, дарку масъулиятшиносиашон дар муҳоҷират аз эҳсоси баъзе ҳамватанони дохили ҷумҳурӣ чандин маротиб зиёд ва баланд ва боиси пайравиву ибрати мо аст.
©Зуҳра Сафарзода, ҳафтавори «Мароми Пойтахт»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: