
Ташкилоти ибтидоии «Тоҷири аҷам»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибаи рӯзи муаллимон чорабинии фарҳангӣ доир намуд. Файзалӣ Акрамов, ноиби ректор оид ба таълиму тарбия ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки ҳар инсон бе раҳнамо, бе устод дар зиндагӣ муваффақ шуда наметавонад. Ягон тамаддуни башарӣ бе устод рушд карда наметавонад.
Рақиба Сангинова, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи мақому мартаба ва нақши устод дар рушду тараққии ҷомеа маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, шеърҳову қиссаҳо пурмазмуну воло ва гуфтаҳои бузургонро қироат намуд. Мавсуф баён дошт, ки мақому мартабаи омӯзгор дар ҷумҳурии мо рӯз аз рӯз баланд шудааст. Суханрониашро бо мисраҳои зерин хотима бахшид:
Бе муррабӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта- рафта чарх оламгир кард.Сипас, донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ Қодирова Б. ва Яъқубов С. дар васфи омӯзгор шеърҳо қироат намуда, ба устодон ҷиҳати заҳмату талошҳояшон баҳри тарбияи насли ҷавон миннатдорӣ карда, онҳоро бо ин рӯзи саид муборакбод гуфтанд.
Ҳамчунин устодони собиқадор ва ҷавоне, ки дар беҳтар шудани сатҳу сифати таълим саҳм мегузоранд, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд. Аз ҷониби КВД «Тоҷикматлубот» баъзе устодони муассисаи таълимӣ низ бо ифтихорномаҳои қадр карда шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ донишҷӯён барномаи ҷолиби фарҳангиро намоиш доданд.
@С. Зуҳра.