Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳеҷ амал беҳтар аз хайру сахо нест

Ҳеҷ амал беҳтар аз хайру сахо нест

7-01-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
Ҳеҷ амал беҳтар аз хайру сахо нестМо сокинони осебдидаи водии Бартанг, ки чанде пеш аз заминҷунбии сахт хисороти зиёди моддӣ ва маънавӣ дидем нахуст, ба президенти кишвар, пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сипозгузории хешро изҳор медорем. Мо хеле миннатдор аз он ҳастем, ки дар ин рӯзҳои сахт бо дилсӯзӣ ва ғамхории Президети кишвар дубора ба зиндагӣ умед пайдо кардем. Дар он рӯзҳои нобасомон, ҳангоме ки заминҷунбӣ хонаҳои моро ба хок яксон карду мо дар хунукии 22 дараҷа ба интизори «азроил» менишастем ва лаҳза ба лаҳза гӯё аз зиндагӣ даст мешустем. Хунукӣ ба ҷисму ҷонамон таҳдид мекарду намегузошт, ки дақиқае ба зинда мондан фикр кунем. Кӯдакони мо дар хунукии 22 дараҷа ҳоли зоре доштанд, ки кас аз дидани чунин вазъият ба риққат меомад. Ба хотири бо хунукӣ «даст ба гиребон шудан» мо маҷбур шудем муддати ду рӯз чархҳои куҳнашудаи мошинро сӯзонем, то каме ҳам бошад аз торикии шаб аз таъсири сахти сармо хешро нигоҳ дорем. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки бӯй ва дуди сиёҳу ғализи балонҳо дар сару рӯйяамон менишасту субҳидам кас касро намешинохт. Вале ҳамаи ин лаҳзаҳои дарднокро паси сар кардем ба умеди зистан….

То хабар омад, ки Пешвои миллат, Призденти кишвар аз ҳоли ин мардуми кӯҳистони дурдаст бехабар нест ва дар фикри бартараф кардани мушкилии онҳост. Шояд хонанда ин ҳолати хурсандии моро ҳеҷ гоҳ тасаввур карда натавонад. Ин хабар мисли ҷоне буд, ки дар ҷисми шахшудаи мо рамақ давонд. Баъдан паи ҳам парида омадани чархболҳо (чун раҳи мошингарди бе ин ҳам вайрон дар натиҷаи заминҷунбӣ тамоман вайрон шуда буд) рӯҳамонро дар парвоз овард, зеро то омадани онҳо мо фақат ҷон доштему халос. Хабар гирифтани намояндагони вилоят ва ҷумҳурӣ аз вазъияти вазнини он рӯзҳо барои мо як хушбахтие буд, ки муҳаббати моро нисбат ба миллат, ватану ватандӯсторӣ, ба хусус сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлату ҳукумат боз ҳам бештару мустаҳкамтар гардонд. Мо мутмаинем, ки ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳо нисбат ба мардуми зарардидаи водии Бартанг ба дастуру супоришҳои Сарвари азизамон ба роҳ монда шуда буд. Мегӯянд, ки подшоҳон сояи Худованд дар замин ҳастанд. Агар ҳар яки мо солимфикрона ва бе ғараз назар андозем, амалҳои неки Призденти мо ба ин андеша қаробати зиёде дорад, ки бараъло намоёнанд.

Хуллас мо сокинони осебдидаи водии Бартанг ба ҳамаи онҳое, ки дар чунин шароити вазнин кӯмакҳояшонро ба мо дареғ надоштанд, ба он давлатҳое, ки ёрии башардӯстонаашонро барои беҳбудии зиндагии мо фиристонданд ва ба тамоми он нафароне, ки дар ҳалу фасл намудани ин вазъияти ногувори мо саҳмгузор ҳастанд, сипоси бепоёни худамонро изҳор медорем. Ва умедворем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша ёвари ҳамдигар бошанду дар сулҳу ваҳдат ва ҳамдилӣ зиндагӣ намоянд. Ҳеҷ амале баробар ба дасти кӯмак дароз кардан ба ниёзмандон шуда наметавонад. Худованд хайри онҳое, ки дар ҳақи мо кардаанд бипазирад ва мардуми тоҷик ҳамеша дар сулҳу салоҳ умр ба сар баранд. Умед ва дуо мекунем, ки соли 2016 барои халқи мо соли хушбахтӣ ва оромӣ бошад!
©Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: