Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муроҷиатномаи собиқ аъзоёни бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар

Муроҷиатномаи собиқ аъзоёни бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар

16-09-2015, 08:39
Хабарро хонданд: 472 нафар
Назарҳо: 0
Муроҷиатномаи собиқ аъзоёни бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи БохтарИстиқлолият - неъмати бузургест, ки тоҷикон тӯли дарозои таърих баъди ҳазорсолаҳо бо талошҳои фарзандони баору баномуси миллат дубора дар қарни 20-ум ба даст овардаанд. Таърихи ба даст овардану дар солҳои аввали ташкилёбӣ ба нокомӣ дучор гардидани истиқлолиятро хуб дар ёд дорем ва рӯзҳои вазнину фоҷиабори солҳои аввали истиқлолиятсозиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Таърих ва таҷрибаи давлатсозии инсоният бори дигар ҳушдорамон дод, ки ба даст овардани озодиву онро ҳифз ва рушду нумӯъ бахшидан кори осон нест. Вале мардуми таҳаммулпазир ва хирадманиши тоҷикон ба Пешвои худ бовару эътимод карданд. Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари муаззами давлату миллат интихоб карда, аз пайи Ӯ баҳри сохтмони давлати навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолият қадам гузоштанд.
Шукронаи Офаридагори олам, ки дар фазои сулҳомезу ваҳдатгустарии даврони истиқлолият, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ба даст омадааст, орому осуда ва дар амну субот озодона нафас мекашем. Имрӯз Тоҷикистон тибқи меъёрҳои демократия давлати озод, ҳуқуқбунёд ва дунявиро месозад. Тоҷикистон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит кард, ки тоҷикон тамаддунофар буданд ва оянда низ метавонанд, ки бо хираду заковати фавқуллодаи хеш дар ҷаҳони муосир нақши муассир гузоранд.
Шукри Парвардигор ва бо амри тақдир фарзандони моро рӯзгори хуши даврони истиқлолият насиб гардидааст. Онҳо ҳамсолони истиқлолияту ваҳдат ҳастанд. Яъне, онҳо ҷавонони саодатманди кишваре ҳастанд, ки метавонанд, ба ҳамаи орзуву муроди хеш бирсанд.
Вале боварамон намеояд, ки ин зиндагии тинҷу ором ва рушду равнақи кишварамон ба гурӯҳҳои муайяне хуш намеомадааст? Ҳайронему гиребони тавба дар даст дорем, ки наход дар ватан зиндагӣ карда истодаву бо обу ҳавои он нафас кашида, ба чунин амали нангин қадам гузорад. Хиёнат - амали ноҷавонмардонаест, ки барои халқи тоҷик бегона аст. Ин амал аз замонҳои қадим мавриди маззамати сахти мардум қарор мегирифт ва шахси содиркардаро хуш надоштанду дар ҷомеа намепазируфтандаш.
Мо, собиқ аъзоёни бахши ҲНИТ дар ноҳияи Бохтар рафтори ноҷавонмардона ва хоинонаи генерал Назарзодаро сахт маҳкум менамоем, зеро ин амали ношоиста ва зиддидавлатии Назарзода - амали хоинӣ ва ватанфурӯшӣ аст! Гарчанде, ӯ дастпарвар ва дар гузаштаи ҳизбамон ҳамсафи мо буд, вале ӯ ба ватану давлати худ, ба садоқати хеш ва савганди ҳарбӣ хиёнат кард.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Назарзода аз ҷумлаи нафароне буд, ки роҳбарияти олии давлати навташкили тоҷикон ба ӯ бовар кард. Ӯро ҳамчун як нафар ҳамватан ва фарзанди асили тоҷик пазируфт ва эътимод кард. Барои такмили ихтисос ва вазифаи бар дӯш доштааш роҳ кушод. Назарзодаро то мансаби баланди олии ҳарбӣ расонид.
Боре раҳбарамон Кабирӣ арз дошта буданд, ки «Мо хушбоварем, на аҳдшикан». Ва воқеият аст, ки солҳои тӯлонии 24 соли даврони истиқлолият чандин амалҳои аҳдшиканонаи ҳамсафонамонро бо чашми сар дидему шунидаем. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни муҳими миллиамон сар задани ин воқеаи нохуш аз тарафи якчанд нафар ҳамсафҳоямон моро дар назди мардуми Тоҷикистон шармсор кард. Аз рафторҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳи Назарзода мардуми кишвар бори дигар бовар кард, ки кулли аъзоён ва раҳбарони аввали ҲНИТ ба халқ ва ба рушду тараққиёти Тоҷикистонамон дасту дилу нияти пок надоранд. Муаллими ахлоқ Саъдӣ мефармоянд:
Неши ақраб на аз паи кин аст,
Иқтидои табиаташ ин аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: