Андешаҳои ҷавонон-аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» вобаста ба қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»6-01-2016, 14:29
Хабарро хонданд: 517 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» 9 декабри соли ҷорӣ қабул гардид. Вобаста ба ин ҷавонони фаъоли шаҳри Курғонтеппа, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷонибдорӣ ва ҳамовозии худро аз қонуни мазкур иброз медоранд.
Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Қурғонтеппа Наврӯз Ҳусейнов: «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз парокандагӣ, гурезагӣ, гуруснагӣ ва аз ҳама муҳимаш, аз беватанӣ наҷот дод. Ӯ барои ҳимоя ва пойдории сулҳу Ваҳдат ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистони азиз худро сипар кард, ин амали ҷавонмардонаро таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Аз ҷониби вакилони мардумӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ҷонибдорӣ карда, ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти сиёсии ояндаашон бурдборӣ хоҳонам. Умед бар он дорам, ки ин марди шуҷоъ тамоми ҳастии худро барои пеш бурдани иқтисодиёти миллӣ ва тараққиёти кишвар мебахшад. Ҷумъахони Бобохон, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав: Қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ рамзи нек аст, чунки воқеан роҳбари мо тавонист тоҷиконро бо ҳам сарҷамъ созад ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба ҷаҳон муаррифӣ намояд. Мо ҷавонони накуфоли замони соҳибистиклолӣ аз он фахр мекунем, ки чунин сарвари оқилу доно дорем, ки барои Ватани маҳбубамон ва ба даст овардани сулҳи тоҷикон хизматҳои арзанда намудааст. Аз он фахр мекунем, ки ба роҳбари мо унвони Пешвои миллат дода шуд. Воқеан ҳам ин шахси ватандӯст ба ин унвон сазовор аст. Донишҷӯи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ Рухшонаи Шералӣ: Ояндаи ин Ватан, ин миллат ва ин мардуми муттаҳиду сулҳпарвар дурахшон аст, зеро дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муаззам дорад. Пешвои миллат ҳамеша мегӯяд: “Ман ба ҷавонони бонангу номус, ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорам. Бо онҳо ифтихор мекунам, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи фаъолияти созанда ҳастанд”. Бо бовари комил гуфта метавонам, ки мо, ҷавонони шаҳри Қурғонтеппа бо кору заҳмати пурмаҳсул худро ба оламиён ҳамчун миллати бофарҳанг, баору номус, мушкилнописанд ва созандаву бунёдкор муаррифӣ менамоем. Мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Воқеан ҳам, ин иқдом боиси хушнудии ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, зеро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон моро ба ҷаҳониён шиносонид. Гавҳарбӣ Валиева, донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав: Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, чеҳраи ношинос дар соли 1991 ба саҳнаи сиёсати бузург нахустин қадамҳои худро ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон гузошта, сониян Президенти кишвар интихоб гардид. Ӯ ҳамчун марди шуҷоъ дар аввалин баромадҳояш ба мардуми шарифи кишвар қавл медод, ки ман ба Шумо сулҳ меоварам ва охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан бармегардонам. Ва ин корро анҷом дод. Чунин хислатҳои ҷавонмардии ӯ буд, ки соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид ва дар мамлакати мо тоҷикон сулҳу оромӣ ҳукмфармо шуд. Мо, ҷавонон бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, хоки сарзамини биҳиштосо, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ ва бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеш хоҳем бурд. Бознашр аз АМИТ "Ховар" |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.