Р. Латифзода: Дар таърих ба кам шахсиятҳое муяссар мегардад, ки ҳамчун пешвои воқеии миллат шинохта шаванд9-12-2015, 13:30
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, дар ҷаласаи навбатии Парлумони мамлакат аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баъд аз муҳокимарониҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид. Раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни суханронӣ гуфт: Солҳои аввали давлатдорӣ мардуми кишвар ба кадом мушкилиҳо дучор омада буданд, хуб дар ёд дорем. Дар қатори масъалаҳои дигари мубрами ҳамон давра аз муҳимтарин ва шояд асоситарин масъала- ин таъмини мардум бо маводи ғизоӣ буд. Ҳамин буд, ки бо дастуру супориш ва зери назорати қатъии Сарвари давлат таъмини бемайлон ва бетаъхири маводи озуқа аз захираҳои дохилӣ ва аз хориҷи кишвар муташаккилона ба роҳ монда шуд. Дар он солҳо, ки бештари сохтор ва ташкилоти давлатӣ аз кор мондаву фалаҷ шуда буданд, роҳандозӣ кардани чунин тадбир кори осон набуд. Дар ҳамон шароити ниҳоят мушкил ва мураккаби сиёсию иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба мардум тақсим кардани 75 ҳазор гектар замини кишт иқдоми инқилобӣ намуд. Ин бовари бузурги Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқ буд, ки имкон дод мардум замин – ин сарвати бебаҳои давлатро самаранок ва тибқи таъйинот барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи худ истифода баранд. Бо гузашти 20 сол мардум аз ин туҳфаи саховатмандонаи Президенти мамлакат, ки “заминҳои президентӣ” ном гирифта, дар пешбурди хоҷагидорӣ, осон кардани мушкилоти рӯзгору зиндагии мардум, пеш аз ҳама, сокинони деҳот нақши муҳим бозид, бо арзи сипос, қадршиносӣ ва эҳтироми хосса ёд мекунанд”. Ба андешаи Рустам Латифзода, қадами дуюми Сарвари давлат дар рушди соҳаи кишоварзӣ таҷдиди хоҷагиҳои аз даврони шӯравӣ меросмонда буд: “Тамоми заминҳои собиқ колхозу совхозҳо ба соҳибони аслии онҳо - аъзою саҳмдорони ин хоҷагиҳо тақсим шуданд. Ҳар як деҳқон бо ҳуқуқи истифодаи якумра ва меросӣ соҳиби замини худ гашт. Илова бар ин, бо мақсади дастгирии марди деҳқон қарори махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар хусуси роҳ надодан ба дахолат ба фаъолияти хоҷагидорӣ, интихоби озоди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар чораҳои мусоидаткунандаи фаъолияти деҳқонӣ қабул гардид, ки дар таърих беназир мебошад”.
“Бо мақсади рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва комплекси агросаноатӣ барномаҳои махсуси давлатӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки ташаббускори онҳо маҳз Сарвари давлат мебошад. Сафарҳои Президенти мамлакат ба минтақаҳои гуногуни мамлакат ба ҳалли масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми деҳот равона шудаанд. Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор 20 фоиз, кишти сабзавот 30 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардида, дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзор беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд шуданд. Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба мушкилоти дохили кишвар, ҳамчунин ба мушкилоти ҷаҳонӣ низ ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Президенти Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 бо мақолаи таърихии худ дар рӯзномаи «Независимая газета», ки зери унвони «Қадри об аз нафту газ камтар нест» чоп шуда буд, оид ба бӯҳрони ҷаҳонии экологӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, расидан ба қадру манзалати захираҳои об ва нақши об дар таъмини рушди устувор диққати аҳли сайёраро ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ равона кард. Маҳз бо ташаббусу ибтикори Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли оби тоза» эълон шуда, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 - «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон шуд. Имрӯз, сарони давлатҳои ҷаҳон, олимон, коршиносон ва мутахассисони соҳа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои ҷаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои об эътироф кардаанд, ки ин боиси ифтихори ҳамаи тоҷикистониён мебошад, зеро чунин муносибат аз шуҳрати ҷаҳонӣ ва обрӯю эътибори баланди Эмомалӣ Раҳмон, намунаи ибрат дониста шудани тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мубрами на танҳо сатҳи миллӣ, балки минтақа ва ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад”, - гуфт Рустам Латифзода ва таъкид кард, ки: “Ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шудан дар масири таърихи инсоният ба кам шахсиятҳо муяссар гаштааст. Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар дорад, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шудааст. Нишонаҳои он - эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаи таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд”. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.