Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест

5-09-2018, 09:08
Хабарро хонданд: 433 нафар
Назарҳо: 0
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ ,
Сад роҳате ҳасту ҳеҷ озоре нест.
Бо ташаббуси гуруҳи ҷавонони "Пешоҳанг"и Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба рӯзи "Китоб" маҳфили дӯстдорони китоб баргузор гардид, ки дар он сараввал Роҳбари гуруҳи ҷавонони "Авангард"и Ҷумҳурии Тоҷикистон Мардихудо Давлатов оиди бузургӣ ва манзалати китоб суханронӣ намуда иброз доштанд , ки китоб беҳтарин дӯсти инсон мебошад. Дар рафти маҳфил сардори бахши Иттилоотии гуруҳ Мирсаиди Сатториён бо маърӯзаи хеш дар васфи китоб баромад карданд,
Муҳиддинзода Даврон сардори бахши ташкилотчигии гуруҳ китобро ҳамчун як чароғи тобон дар шоми тор хонд , Меҳробҷон Бобоев сардори бахши кор бо масалаҳои муҳими ҷомеа , иброз доштанд ки имрӯзҳо бояд ҷавонон рӯ бештар ба китобхони биёранд ва инчунин сардорони бахшҳои фарҳанг, амнияти иттилоотии гуруҳ Шаҳром Шамсиддинов , Ҳабиб Ҳакимов, Даврон Раҳимов , Шодварз Ҳукуматов ва дигар аъзоёни фаъоли гуруҳи Пешҳоҳаг фикру андешаҳои худро иброз доштанд .
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: