Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест17-10-2017, 09:08
Хабарро хонданд: 554 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон” 16-уми ноябр муқарар гардидааст ва дар марҳилаи омодагӣ ба “Рӯзи Парчами миллӣ”, ки ҳамасола мо онро 24 – уми ноябр ҷашн мегирем, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барои сайқал додани малакаю дониш, баланд бардоштани руҳияи насли имрӯза аксия таҳти унвони “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест” баргузор гардид. Дар баргузории аксияи мазкур Раъно Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Зарина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷовонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадов Зулфиқор, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва масъулини кумитаи иҷроия иштирок доштанд. Дар оғоз Раъно Бобоҷониён тамоми наврасони ҷавонро ба идҳои сипаригашта ва дар пешистода табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки ояндаи давлату Ҳукумат бахти мардуми халқи тоҷик дар дасти ҷовонони болаёқату боистеъдод мебошад. Ҳамзамон мавсуф зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масъалаи тақвият бахшидан ба тарабияи кадрҳои болаёқат, омода намудани заминаҳои моддиву техникии тадқиқоти илмӣ, ҳамкории бахшҳои илму маориф ва пайвастани илму истеҳсолот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва дар амри амалӣ шудани ин ҳадафҳо бевосита саҳмгузорӣ менамояд. Сипас аз ҷониби Раъно Бобоҷониён муовини Раиси ҲХДТ 239 адад китобҳои бадеӣ, шеъру ғазал, достону қиссаҳои ҷолиб аз ҷумла “Зочаи зинатмо” “Қиссаи гандумак” “Замини модарон” ва якчанд ба ин монанд, ки дар онҳо жанри шеъру ғазал, ҳикоя, панд, афсона, повест, асари таърихӣ, дарҷ гардида буд, ба китобхонаи Мактаби махсуси ҷумҳурияви туҳфа карда шуданд. Ҳамчунин қайд гардид, ки байни хонандагони мактаби мазкур дар арафаи “Рузи ҷавонони Тоҷикистон” озмун баргузор менамоянд ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии ҲХДТ сарфароз гардонида мешаванд. Сипас Гулаҳмадов Зулфиқор иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баромад намуда миннатдории худро ба роҳбарияти ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузор намудани аксияи мазкур дар яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Наврасон”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур расонида қайд намуд, ки бояд зикр намоям, ки дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифта, ҳамкории доимии олимону устодон бо сохторҳои илмиву таълимии кишварҳои ҷаҳон тавсеа меёбад ва барои истифодаи технологияҳои нав ва дастовардҳои пешқадами илмӣ имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад. Дар фарҷом аз ҷониби хонандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии ба намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тақдими чунин тӯҳфаҳои хотирмон изҳори миннатдори намуда бо баргузории маҳфили шерхонӣ ва сурудхонӣ хотири ҳозиринро шод намуданд. Комрон Баҳромзода, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.