
БОХТАР:-Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ба хотири пойдор намудани ваҳдати миллӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ҷавонони Ургутмаҳаллаи шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ва омӯзгорон иштирок намуданд. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оиди «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ва пешгири намудани ҷавонон аз шомилшудан ба гуруҳои ифротӣ » фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуданд.