Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ҶАВОНОН ВА БАРХӮРДИ ҚУДРАТҲО

16-05-2018, 11:35
Хабарро хонданд: 46 нафар
Назарҳо: 0
ҶАВОНОН ВА БАРХӮРДИ ҚУДРАТҲО

Таҳти ҳамин ном имрӯз дар толори маҷлисгоҳи гимназия – парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамбастагӣ бо КИ ҲХДТ дар н. Рӯдакӣ ва намояндагии гурӯҳи «Авангард»-и н. Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и ҶТ бо тарбиятгирандагони парваришгоҳи мазкур баргузор гаридид, ки дар он мудири шӯъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар н. Рӯдакӣ Гулниссо Ошӯрбекова, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и ҶТ Мардихудо Давлатов, роҳбари гурӯҳи «Авангард»-и н. Рӯдакӣ Низомиддин Ҷумаев ва аъзоёни гурӯҳи «Авангард»-и ҶТ Мирсаид Сатториёну Муҳаммадисо Раҳматов ширкат доштанд. Вохӯриро ҷонишини директори парваришгоҳ оид ба таълим Р. Юнусов оғоз намуда оиди дастовардҳои толибилмонашон дар соли таҳсили 2017-2018 маълумоти муфассал дод. Баъдан риштаи сухан ба Низомиддин Ҷумаев дода шуд. Мавсуф доир ба фаъолияти гурӯҳи «Авангард» дар ҳудуди ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард: «Дар зарфи 3 соли фаъолият ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-и ноҳияи мо ба як қатор дасовардҳои шоён ноил шудан. Имрӯз гурӯх дорои 45 аъзо буда, дар ҳама чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд».
Сипас, роҳбари гурӯҳи «Авангард»-и ҶТ Мардихудо Давлатов ба сухан баромада бештар атрофи таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа, ки дар овони тифлӣ маҳрум аз навозишҳои волидайнанд, суханронӣ намуд. Мавсуф дар баромади худ таъкид кард: «Ятим оне нест, ки падару модар надорад, ятим нафарест, ки соҳиби падару модар буда, мутассифона аз тарбияи онҳо дур мондааст. Имрӯз мо дар симои Пешвои миллат воқеан ҳам ҳомию пуштибон ва падари маънавии хешро дарёфтаему бояд минбаъд хешро ятим нашуморем».
Дар идомаи вохӯрӣ аъзои гурӯҳи «Авангард»-и ҶТ Мирсаид Сатториён суханронӣ намуда, бештар ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба ниҳодҳои террористию экстремистӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва ба идеология ва фарҳанги миллати тоҷик ибрози андеша намуд. Дар охир байни хонандагон саволу чавоби озод гузаронида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: