"Ақӯй", китобҳои Бердимуҳаммадов... Туркманҳо ба Тоҷикистон чӣ оварданд?18-10-2018, 11:00
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Туркманистон бо ҳузури беш аз 350 ҳунарманду овозхон баргузор шуд. Аммо он чизе, ки аз ин чорабинӣ ба хотири бисёриҳо мондааст, ин мадҳу санои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон буд, ки бархе тамошобинони тоҷикро дар ҳайрат гузошт. Баробар бо исми президенти кишвари ҳамсоя бисёр тамошобинон бо вожаи Арқадаг ҳам шинос шуданд, ки унвони дигари пешвои мардуми Туркманистон будааст. Бар асоси барнома, ҳунармандони туркман дар шаҳри Душанбе нахуст намоиши ҳунарҳои мардумии Туркманистонро пешниҳод ва баъдан дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон китоби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, “Туркманистон қалби Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” муаррифӣ карданд. Ҳунармандони Туркманистон баъд аз зуҳри 15-уми октябр дар театри Лоҳутии шаҳри Душанбе намоишномаи “Гулпам”-ро намоиш доданд. Шоми 15 октябр дар “Кохи Борбад”-и Душанбе ва ҳам дар ноҳияи Дӯстӣ, макони зисти 30 ҳазор аққалияти туркман дар Тоҷикистон, консерти калони ҳунармандони Туркманистон баргузор шуд. Мадҳу санои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз сӯи ҳунармадони туркман ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали берун шудани онҳо аз қатори роҳи оҳан шоми 14 октябр шуруъ шуд. Тақрибан ҳамаи ҳунармандони туркман бахши асосии суҳбаташонро ба тавсифи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бахшида буданд. Амонеллӣ Аралов, ходими фарҳангии Туркманистон аз ҷумлаи вассофони Арқадаг аст. Ӯ аз сиёсати Бердимуҳаммадов батакрор васф мекард ва ба эътиқоди ӯ, кишвараш таҳти роҳбарии Арқадаг тараққӣ дорад. “Арқадаги меҳрубони мо барои пешрафти фарҳанг хеле таваҷҷуҳи зиёд доранд. Китобҳои он кас бозгӯкунандаи таърихи ғании Туркманистон аст. Мо мехоҳем халқи тоҷик аз китобҳои муҳтарам Бердимуҳаммадов огоҳ шаванд,” - гуфт Аралов. Аммо тавсифи Бердимуҳаммадов бо суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом наёфт. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии китобҳои раисҷумҳури Туркманистон мадҳу санои Бердимуҳаммадов ба авҷи аъло расид. Атаҷон Бурунов, академики Туркманистон китобҳои Бердимуҳаммадовро «як туҳфа на танҳо ба халқи туркман, балки ба тамоми ҷаҳониён» хонд. Ӯ, ки суҳбати қариб 15-дақиқагии худро пурра ба мадҳи Бердимуҳаммадов бахшида буд гуфт: “Аз сиёсати бохирадонаи муҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ин аст, ки он кас дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти Туркманистон китоберо таҳти унвони “Туркманистон дар қалби Шоҳроҳи Абрешим” ба халқи худ тақдим намуданд. Агар шумо бо китоби он кас шинос шавед, мефаҳмед, ки дар шароити имрӯз дар қалби Шоҳроҳи Абрешим чӣ мегузарад. Мо аз сиёсати хирадмандонаи Арақадаг миннатдорем, ки имконият медиҳад тамоми мардуми кишвар хушбахтона зиндагӣ кунанд”. Як гуруҳ аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар муаррифии китобҳои Бердимуҳаммадов ҳузур доштанд, аз ҳамсабақони туркмани худ суол мекарданд, ки «Арқадаг кӣ аст?», ки ин қадар зиёд номи ӯ бурда мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.