Душанбе, 31 март 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба дипломатҳои Озарбойҷон намоиш доданд

Китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба дипломатҳои Озарбойҷон намоиш доданд

27-02-2018, 08:28
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба дипломатҳои Озарбойҷон намоиш доданд

ДУШАНБЕ, — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар чорабинӣ раиси гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзозода ширкат кардааст.

Ҳамчунин вакилони Парлумони Озарбойҷон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, Вазорати мудофиа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и кишвар, роҳбарияти Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев, инчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар омӯзишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Зимни суханронӣ сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ дар бораи таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар давраи душвори таърихии ташаккулёбии давлатдории тоҷикон ва ҷанги шаҳрвандӣ нақл кардааст.

Вай махсусан аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ҳамчун кафили сулҳу субот дар Тоҷикистон ёдоварӣ кардааст.

Дар фароварди чорабинӣ дар Маркази мазкур гушаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар он китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои илмӣ-таърихӣ бахшида ба фаъолияти пурсамари Президенти Тоҷикситон, инчунин китобҳо дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ҷой дода шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: