Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷавонони Хатлон — пайрави Пешвои миллат!

Ҷавонони Хатлон — пайрави Пешвои миллат!

6-01-2016, 14:27
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” маҷмӯи чорабиниҳо ҷараён доранд. Чунин чорабинӣ имрўз дар толори Литсейи давлатии №1-и шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки устодон ва хонандагон дар давраи таътили зимистона бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ — сиёсӣ, бедор намудани ҳисси ватандустӣ ва давлатсозии навини тоҷикон баргузор гардид.
Аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” зикр намуданд, ки 9 — уми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” қабул шуд. Ташаббуси мазкур амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, қабули он нишонаи арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аслан мо ҷавонони хуштолеъи замони истиқлол хеле барвақт Сарвари давлатро Пешвои миллат унвон карда будем, зеро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин шахси абармард дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хеле боло рафтааст.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” — ро якдилона ҷонибдорӣ намуда, изҳор менамоем, ки Президенти муҳтарами мо барои мо, ҷавонон Пешво, Пешоҳанг, Пешбаранда, Падар, Раҳнамо ҳамроҳ ҳастанд ва доимо буданд. Мо ҷавонони Тоҷикистон дастаҷамъона изҳор медорем, ки аз рӯзҳои аввал бо Шумо, Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: