Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қабули Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"

Қабули Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"

9-12-2015, 13:55
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 0
Қабули Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"
Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро қабул кард.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ин қонунро таърихӣ номида, тасвибашро ба нафъи ҷомеа ва бахусус муттаҳидии сокинон донист.

Ӯ гуфт, ки таҷрибаи эътирофи раҳбарон ва пешвоёни миллат дар кишварҳои дигари дунё низ вуҷуд дошта, аз шинохт ва эътирофи онҳо демократия ва озодиҳояшон ҳеч осеб надидааст.

«Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва ватани мо хизмати бузург кардааст. Ӯ ба ин эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзи ин дастовардҳо ниёз доранд», - тазаккур дод Ш. Зуҳуров.

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам маърӯза намуда, қабули Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат "- ро тарафдорӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки дар ҳақикат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст ва барои миллати тоҷик корҳои зиёдеро анҷом додааст.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: