Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат – раҳнамои миллат

Пешвои миллат – раҳнамои миллат

21-12-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат – раҳнамои миллатДар шаҳри Ваҳдат, бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, аъзоёни ҳизб ва омӯзгорону хонандагони коллеҷҳои омор, тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҷавонон ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» баргузор гардид.

Субҳи имрӯз, ҷавонон аз кӯчаи 20-солагии Истиқлолият бо шиору овезаҳо ва аксҳои Пешвои миллат роҳпаймоӣ намуда, дар роҳи тозабунёди Ваҳдат-Файзодод ҷамъ омаданд. Ҳамроҳи ҷавонон дар ҳамоиш ҳамчунин, Раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ, муовини Раиси шаҳр Хоҷаева Фарзона ва дигар роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ҷамъ беш аз 25 ҳазор нафар ширкат намуданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ дар назди ҳозирин Раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ баромад намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Раҷабмурод Ҷалилов низ бобати аҳамияти ин санади муҳим ва манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҷонибдории зиёиёну аъзоёни ҳизбро дар шаҳр нисбати ин қонун иброз намуд. Ҳамзамон шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ шеъри худро дар васфи Пешвои миллат қироат намуд.

Мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроия Абдуманон Солиҳов матни муроҷиатномаи ҷавонони шаҳрро баҳри ҷонибдории қабули қонуни зикргардида, пешкаш намуда, қонуни мазкур якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат
Пешвои миллат – раҳнамои миллат
Пешвои миллат – раҳнамои миллат
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: