Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Созандагони Ватан» - и н. Бобоҷон Ғафуров: Қонуне, ки садои қалби ҷавонон аст

«Созандагони Ватан» - и н. Бобоҷон Ғафуров: Қонуне, ки садои қалби ҷавонон аст

24-12-2015, 10:25
Хабарро хонданд: 648 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б. Ғафуров дар мавзӯи “Қонуне, ки садои қалби мардум аст” бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид.
Иштирокдорони ҳамоиш бандҳои алоҳидаи қонуни мазкурро шарҳ дода, саҳифаҳои таърихии солҳои 90-ум, заҳматҳои Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаи ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ёдовар шуданд. Ҳамчунин ширкатдорони ҳамоиш хизматҳои Сарвари давлатро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии осудаи мардуми кишвар зикр карда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои воқеии миллати номид. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои густариши ваҳдати миллӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш ба харҷ дод, барои пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Ҷавонон изҳор карданд, ки мо ҷонибдори қонуни мазкур ва расман Пешвои миллат шинохтани Эмомалӣ Раҳмон мебошем, зеро барои мо ҷавонон- созандагони Ватан доштани чунин Пешвои миллат амри зарурист.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: