Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, ҷиҳати пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунгузории амалкунанда ва Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию давлатдорӣ, ҳифзи сарзамини муқаддаси Тоҷикистон, ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии афсарону сарбозон, дар қисми низомии 051058-и Горди миллӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳавӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ин вохӯрӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии низомиён, ташаккули дониши сиёсӣ ва хуқуқии онҳо, дарки ватандориву ватандӯстӣ суҳбат ороста шуд. Афсарон ва сарбозони қисми низомии мазкур, сухан намуда, сиёсати пешгирифтаи ҳукумату давлатро якдилона дастгирӣ карданд ва садоқадмандиро дар хизмат баён доштанд.
Дар фарҷом, ба афсарону сарбозон бахшида ба Соли нави 2016 чорабинии фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун бахшида ба Соли нав ба ятимону бепарастон, дар хонаи бачагони шаҳраки Обигарм чорабинии фарҳангӣ доир намуда, ба 54 нафар, ба маблағи 1280 сомонӣ туҳфаҳои солинавӣ эҳдо карда шуд.