Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Чорабиниҳои идона

Чорабиниҳои идона

31-12-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
Чорабиниҳои идона
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташаккул додани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сарбозону афсарон бахшида ба фарорасии Соли Нав дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр чорабиниҳои идона амалӣ шуданд.

Дар маҷлисгоҳи қисми низомии №3501 Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати Соли Нав табрик намуда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо сарбаландӣ ба анҷом расондани хизмати Модар-Ватан муваффақиятҳо орзу кард. Дар мулоқот ҳамчунин муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов табрикоти худро ба ҳомиёни ватан расонаданд.

Дар интиҳо нависанда Юсуф Насрулло барои ҷавонмардони вафодори Ватан беҳтарин таманниёти хешро иброз намуда, аз маърифати ватандорӣ сухан гуфт.
Чорабиниҳои идона
Лозим ба ёдоварист, ки чунин чорабинӣ дар факултаи чаҳоруми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гашта, ба беш аз ҳазор нафар хизматчиён, афсарон ва сарбозони ин таълимгоҳу қисми низомӣ дастурхони солинавӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ороста шуд.

Дар охир ҳунармандони дастаҳои ҳунарии муассисаҳои фарҳангии шаҳр бо барномаи идонаи консертӣ табъи ҳозиринро шод карданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: