
Хизмат ба Ватан-Модар қарзи ҳар як шаҳрванди ватанпарвару ватандӯст маҳсуб меёбад, чунки хизматчиёни ҳарби сипар ва ҳимоятгари марзу буми Ватан мебошанд. Ҳамчунин тинҷиву амони ва суботу амният низ маҳз ба онҳо вобастагии қавӣ дорад.
Дар арафаи соли нави мелодӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизб барои сарҳадбонони қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи «Озодӣ»-и ноҳия ҷойгир мебошанд, туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили маводҳои хӯрокворӣ, варзишӣ ва рӯзномаҳои даврӣ такдим гардид.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ё.Носиров аз наздик бо афсарон ва сарбозон суҳбати хоса намуда, оиди дастовардҳои даврони Истиқлолият, хизматҳои шоистаи Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта гузашт.
Дар фарҷом, афсарону сарбозон иброз доштанд, ки минбаъд низ баҳри тинҷию оромӣ ва осудагии Ватанамон хизмати бардуш доштаро бо масъулияти том иҷро хоҳанд кард.
©Т. Хошимов, н.Панч.