Айнӣ: Аёдати сарбозон5-01-2016, 11:23
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи барқияи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд раиси Комиҷроия Қобилзода Абдуғанӣ ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аёдати сарбозону афсарони Дидбонгоҳи сарҳадии ноҳия, ки дар мавзеи Исрофилободи ноҳия воқеъ аст, рафта бо сардори Дидбонгоҳи сарҳадӣ ва афсарону сарбозон вохӯриву сӯҳбат гузарониданд. Зимни сӯҳбат афсарону сарбозонро бо Соли Нави милодӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатии бардавом, дар хизмати Ватан ва муҳофизати марзу буми он муваффақиятҳо таманно намуд. Афсарону сарбозон низ аз ташриф ва аёдати кормандони комиҷроия ниҳоят шоду сарфароз гардида, изҳори сипос намуданд. Инчунин, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли Нави милодӣ баҳри болидагии хотири сарбозону афсарон бо иштироки сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия пешкаш гардонида шуд.]
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.