Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аёдати волидони сарбозон дар доираи аксияи ТЧЧ "Созандагони Ватан"

Аёдати волидони сарбозон дар доираи аксияи ТЧЧ "Созандагони Ватан"

17-11-2015, 13:32
Хабарро хонданд: 386 нафар
Назарҳо: 0
Аёдати волидони сарбозон дар доираи аксияи ТЧЧ "Созандагони Ватан"Бо мақсади идома бахшидан ба аксияи «Мо ҳомиёни Ватанем» имрӯз аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум аёдати волидайни 3 нафар сарбозони дар хизмати Ватан буда аз шаҳраки Чоруқдаррон ба роҳ монда шуд. Сарбоз Рӯзиев Мирзоориф дар даъвати баҳоронаи соли 2015 ба хизмат даъват шудааст ва дар шаҳри Душанбе сарбаландона хизмат мекунад. Сарбоз Эрманов Ҳаитбой дар даъвати тирамоҳонаи соли 2015 ба хизмат даъват гардида, дар шаҳри Роғун ба хизмат оғоз кард. Сарбоз Ашӯров Бахтиёр дар даъвати баҳоронаи соли 2014 ба хизмат даъват гардида, дар қисми ҳарбии 08050 – ротаи қаровули фахрии шаҳри Душанбе хизмат менамояд. Ба волидайни онҳо Рӯзиев Рауф, Эрманов Ҷӯрабой ва Ашӯрова Моҳсафар аз тарафи раиси КИ ҲХДТ Каромат Қосимова ва раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Боқиев М.Г барои тарбияи чунин фарзандони содиқи Ватан миннатдорӣ баён карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: