DataLife Engine > , Чорабинихои ХХДТ > Иқдоми солинавӣ

Иқдоми солинавӣ


31-12-2015, 16:00. Разместил: admin Иқдоми солинавӣТибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ бахшида ба Соли нави мелодӣ дар шаҳри Чкалов чорабиниҳои идона дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, баҳри болидахотии собиқадорони шаҳр санаи 30-декабр фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аҳли собиқадоронро аёдат намуда, барояшон дастархони идона оростанд. Зимни суҳбат бо собиқадорон раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Исобой Усмонов онҳоро бо фарорасии Соли 2016 аз номи Роҳбарияти олии ҳизб, кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ табрику муборакбод намуд.

Ҳамчунин оиди қабули саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки барои ьар як тоҷикистонӣ Пешвои миллат эътироф гардидани Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихору сарбаландист.

Иқдоми солинавӣДар навбати худ собиқадарон низ қайд карданд, ки расман Пешвои миллат эътироф гардидани Президенти кишвар ормони дерини мардуми кишвар буд, зеро халқи мо дорои пешвои комилан мардумист, аз ин хотир муттаҳидию сарҷамъии халқамон атрофӣ роҳбари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст. Аз чунин таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ собиқадорон шоду мамнун гардида, миннатдории худро ба Ҳукумати кишвар ва Роҳбарияти ҲХДТ расониданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов
Вернуться назад