Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат - ормони деринтизори мардум

Пешвои миллат - ормони деринтизори мардум

29-12-2015, 13:30
Хабарро хонданд: 423 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат - ормони деринтизори мардум
Бо мақсади изҳори маҳбубият ва ҷонибдории сокинон аз Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар маҷлисгоҳи дастаи таъиноти махсуси зудамали Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Назаров Н.М., раиси кумиҷроияи шаҳри Чкалов Усмонов И., мудири бахши кор бо дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов Қудратов Б. ва нависанда Саиднаби Наҷимӣ иштирок карданд. Чорабиниро муовини аввали Сардори раёсати корҳои дохилӣ дар вилоят Дадобоев Ҳотам оғоз намуда, оиди зарурияти қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», саҳми арзандаи Сарвари давлат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Ҳамчунин оиди нақши кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, амнияти миллату давлат таъкид карда шуд. Зимни баромадҳо худ Назаров Н., Қудратов Б. оиди воқеан ҳам меъмори сулҳу субот ва кафили ваҳдату амнияти кишвар будан фарзанди фарзонаи миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд. «Маҳбубияте, ки имрӯз Сардори давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардуми кишвар доранд, маҳз натиҷаи заҳмату кӯшишҳои дар тӯли ин солҳо баҳри ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ободии сокинони Тоҷикистон анҷомдодаи Ҷаноби Олӣ мебошад. Имрӯз вакилони мардумӣ рисолати таърихии худро амалӣ карда, бо назардошти хизматҳои беназири Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоду таклифҳои бешумори мардуми кишварро дар роҳи шинохти воқеияти кишвар ба назар гирифта, қонуни деринтизорро қабул карданд. Бояд қайд кард, ки тамоми сокинони кишвар ин ташаббуси созандаи вакилонро бо дилу ҷон ва тамоми ҳастии худ ҷонибдорӣ менамоянд.» қайд намуд зимни баромади худ раиси кумиҷроия Усмонов И.

Кормандони ҳизфи ҳуқуқ низ суханҳои зикршударо ҳамаҷониба дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки дар атрофии Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри ободиву шукуфоии ватани азизу маҳбуб-Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми донишу таҷриба ва кӯшиши худро равон месозанд. Бояд қайд кард, ки бо супориши Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ чунин иқдом дар тамоми қисмҳои низомии миқёси шаҳр идома дорад.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: