Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дидорбинии афсарону сарбозон дар арафаи Соли нави мелодӣ

Дидорбинии афсарону сарбозон дар арафаи Соли нави мелодӣ

29-12-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 347 нафар
Назарҳо: 0
Дидорбинии афсарону сарбозон дар арафаи Соли нави мелодӣРаиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо, санаи 28-уми декабр бо афсарону сарбозони қисми низомии дар шаҳри Норакбудаи 051054-и Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ оид ба сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлату ҳукумат, барномаи ҲХДТ, ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир намуд, ҳамзамон дар ин ҷамъомад ба онҳо аз боби ватандӯстию меҳанпарварӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, омилҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро суханронӣ карда, онҳоро бо омадани Соли нави мелодии 2016 табрику таҳният намуд. Раванди суҳбат ва дидорбинӣ маълум гашт, ки барои сарбозону афсарони қисми низомии мазкур шароити хуби хизмат фароҳам оварда шудааст.

Дидорбинии афсарону сарбозон дар арафаи Соли нави мелодӣИнчунин дар ин рӯз аз тарафи аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ба қисми низомӣ, маводи хӯрока, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, шакар, биринҷ, равған - ҷамъ ба маблағи 1200 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ баҳри болидагии хотири хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» консерти идона пешкаш карда шуд.
©С. Зоиров, мудири шуъбаи таблиғотӣ-иттилоотӣ ва матбуотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрии Норак
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: