Таҷлили «Рӯзи энергетикҳо» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии НБО-и Норак21-12-2015, 17:28
Хабарро хонданд: 445 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 21-уми декабр дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии Нерӯгоҳи барқӣ обии Норак бахшида ба Рӯзи энергетикҳо маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр Қумриниссо Гулмуродзода дар суханронии худ қайд намуд, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб ёфта, аз ҳадафҳои стратегии ҲХДТ, давлату ҳукумат, истиқлолияти энергетикии кишвар арзёбӣ гардидааст. Ӯ иброз намуд, ки барои ба пуррагӣ расидан ба ин ҳадаф аз ҳар як корманди нерӯгоҳ меҳнату заҳмати дучандро тақозо менамояд. Дар анҷоми маҷлис аз тарафи ШСХК «Барқи тоҷик», Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, НБО-и Нораку Бойғозӣ ва иттифоқи касабаи Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ба аъзо, ҷонибдорони ҲХДТ, фаъолони нерӯгоҳҳо «Ифтихорнома», нишони «Аълочии Барқи тоҷик» ва мукофотҳо тақдим гардида, ба чанд нафар кормандони НБО-и Норак шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. ©Сабзалӣ ЗОИРОВ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.