Чорабиниҳои идона31-12-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 436 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташаккул додани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сарбозону афсарон бахшида ба фарорасии Соли Нав дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр чорабиниҳои идона амалӣ шуданд.
Дар маҷлисгоҳи қисми низомии №3501 Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати Соли Нав табрик намуда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо сарбаландӣ ба анҷом расондани хизмати Модар-Ватан муваффақиятҳо орзу кард. Дар мулоқот ҳамчунин муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов табрикоти худро ба ҳомиёни ватан расонаданд. Дар интиҳо нависанда Юсуф Насрулло барои ҷавонмардони вафодори Ватан беҳтарин таманниёти хешро иброз намуда, аз маърифати ватандорӣ сухан гуфт. Лозим ба ёдоварист, ки чунин чорабинӣ дар факултаи чаҳоруми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гашта, ба беш аз ҳазор нафар хизматчиён, афсарон ва сарбозони ин таълимгоҳу қисми низомӣ дастурхони солинавӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ороста шуд. Дар охир ҳунармандони дастаҳои ҳунарии муассисаҳои фарҳангии шаҳр бо барномаи идонаи консертӣ табъи ҳозиринро шод карданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.