Вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Анвар Тағоймурод бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа16-09-2015, 09:03
Хабарро хонданд: 518 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар баромади худ А.Тағоймурод дар назди интихобкунандагон дар бораи фаъолияти шашмоҳаи худ дар Маҷлиси намояндагон ҳисобот дода, оиди вазъи сиёсию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуданд. Баъд аз он раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода оиди таассуротҳои худ аз сафари корӣ, ки ба Федератсияи Россия доштанд, ба ҳозирин андешаҳои худро баён намуданд. Дар баромади худ муовини раиси шаҳр С.Қосимова он корҳое, ки барои таблиғоти сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда мешаванд, фаҳмонида доданд. Дар охир ректори ДЭТ Х.Назаров меҳмонони чорабиниро хайра мақдам гуфта, аз номи устодон ва донишҷӯён миннатдории худро ба роҳбари давлат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.