Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Эҳёи ҳунарҳои миллӣ - зиннатбахши рўзгори мардум

Эҳёи ҳунарҳои миллӣ - зиннатбахши рўзгори мардум

20-06-2018, 08:52
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Эҳёи ҳунарҳои миллӣ - зиннатбахши рўзгори мардум
Панҷ. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати тарғиби либоси миллӣ ҳамчун рукни фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд дода шуда истодааст.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроия дар ноҳия корхонаҳои хурди истеҳсолии ҳунарҳои миллӣ ва дастиву хонагӣ, корхонаҳои хурдӣ адрасбофӣ, атласбофӣ зиёд гардида истодааст.
Чунин як корхонаи дўзандагии ҳунарҳои мардумӣ, ки роҳбараш Усмонова Қундузой мебошад, дар маркази шаҳраки Панҷ фаъолияти густурда менамояд.
Гулдухтарони ҷавони ин коргоҳ бо дўхтани куртаҳои чакан, гулдўзӣ, куртаҳои миллӣ, қуроқдўзӣ, муҳрабофӣ, кокулбофӣ, тоқиву ҷомаҳои зардўзӣ, болишту куртаҳои попурӣ, дўхтани ҷиҳози гаҳвора ва сару либоси мактабӣ машғуланд. Маҳсули истеҳсолнамудаи ин коргоҳ мудом дар намоишгоҳҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, талабгорони зиёд доранд.
Мақсад аз таъсис додани чунин корхонаҳои хурди истеҳсолӣ эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, ки солҳои охир аз мадди назар дур гашта буд, ҳамзамон бо ҷойи кори доимӣ ва бо шароити арзанда таъмин намудани занону духтарон, илова бар ин тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, ҳавасманд гардонии онҳо барои рў овардан ба асолати миллӣ ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.



КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: