Деваштич-ҷойҳои нави кори зиёд мегардад6-03-2018, 08:24
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
![]() Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Бо ҳамин мақсад барои рушди ҳунарҳои мардумӣ тамоми мамлакат шароитҳо муҳайё гашта истодаанд. Инчунин дар ноҳияи Деваштич низ барои рушди ҳамаҷонибаи эҳёи ҳунарҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Барои ҷалби занону бонувон бо кори доимӣ дар ноҳия маркази дӯзандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Хӯҷакалонов маркази дӯзандагӣ фаъолияташро оғоз намуд. Дар марказ 12 нафар занону бонувон ба кори доимӣ ҷалб гардида, бо маоши моҳонаи хуб таъмин мебошанд. Либосҳои омода намудаи онҳо ба талаботи замон мувофиқат карда, барои ҳаводорони хеш таҳия мегарданд. Инчунин бо баробари ба кор таъмин гардидани бонувони хонашин ваъзи неку аҳволии зиндагонии хешро беҳтар намуда, барои иқтисоди кишвар саҳми худро мегузоранд. Ҳамзамон барои тарбияи насли наврас барои ҳунаромӯзӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар рӯзи ифтитоҳи коргоҳи мазкур Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ширкат варзида, аз рафти корҳои дӯзандагон шиносоӣ пайдо кард. Ин яке аз самтҳои муаррифии ноҳия мебошад. Зеро имрӯз бо эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия баҳри рушди он шароитҳо фароҳам оварда шуда истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир ба фаъолият шурӯъ гардидани марказҳои атласу адтарбофӣ низ барои занону духтарони ноҳия барои ҳунаромӯзӣ ҳамаи шароитҳои заруриро дорост. Лоиқ Тӯйчиев корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.