Боздид аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ13-09-2016, 14:03
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан карданд. Дар ин ҷо ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам шудааст. Феълан дар коргоҳи дӯзандагӣ 20 адад мошинаҳои муосири дарздӯзӣ харидорӣ гардида, барои кор дар онҳо 20 нафар занону бонувони ҳунарманд бо ҷойи кору маоши мувофиқ таъмин мебошанд. Дар сехи атласу адрасбофӣ, ки дар шафати коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир аст, 25 дастгоҳи бофандагӣ танзим карда шудааст ва дар он бонувони черадасти ноҳия ба омода кардани матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд, ки аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва риштаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, машғул мебошанд. Чуноне иттилоъ доданд, дар ин коргоҳ ҳамарӯза аз ҳар як дастгоҳ аз 10 то 15 метр матоъи аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мегардад ва он чӣ дар бозорҳои дохилӣ ва чӣ берун аз ҳудуди ноҳия талабгорони зиёд доранд. Ҳамакнун дар ин марказ дилхоҳ нафароне, ки хоҳиши касбомӯзӣ доранд, тариқи ройгон ва дар асоси роҳхатҳои Агентии шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани ин тадбири хайр ба масъулин барору муваффақият хостанд. Пас аз шиносоӣ бо шароити бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар марказҳои хизматрасонӣ Пешвои миллат дар саҳни ҳамин бино дар ҳузури беш аз 2 ҳазор нафар сокинон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.