Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар шаҳри Хоруғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Дар шаҳри Хоруғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

30-01-2018, 17:33
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Хоруғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид


ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -шаҳри Хоруғ намоиши маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Дар ин бора корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нилуфар Асламшоева ба АМИТ «Ховар» дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед таъкид дошт, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба беҳтар гардидани сатҳи иқтисодии рӯзгори мардум гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки доир намудани чунин намоишгоҳҳо ба ҳунармандони мардумӣ имкон медиҳад, то маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, онро ба ҳамагон муаррифӣ намоянд. «Дар ин замина ҳунармандон метавонанд барои маҳсулоти истеҳсолнамудаашон харидор пайдо намоянд», — иброз дошт раиси вилоят.
Ширкаткунандагони намоиш иброз доштанд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемонеаи ҳунарҳои мардумӣ саъй бар он мекунанд, ки бо тайёр намудани маҳсулоти баландсифат ҳунарҳои мардумии тоҷикони кӯҳистонро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ созанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: