Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт

Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт

28-09-2016, 09:27
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт


Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Раштро тамошо карданд.

Дар намоишгоҳ асосан мардуми меҳнатқарини ноҳия бо эҳтиром ба гузаштагони бузургу тамаддунофар, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва расму оинҳои миллӣ, анъанаҳои неку ибратбахши ниёгон ба хотири эҳё ва рушди онҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва дигар асбобҳои рузгорро пешниҳоди меҳмони олимақом Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда буданд.

Дар ҷойи аввал кадбонуҳои ноҳия намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, нону кулча, қаламаю чапотӣ ва қариб 20 намуди анвои аз орд истеҳсолшавандаро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин ҳунари бонувони ноҳияи Рашт ба онҳо барои тайёр кардани нонҳои ҳаҷман калон, ки маҳорати хоси пухтанро талаб менамояд, баҳои баланд доданд.

Дар гӯшаи дигар маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширу ҷурғот, чаккаю равғани маска ва қурут ба маъраз гузошта шуд.

Ба хотири иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи маводи хӯрока дар шакли консерва бонуҳои ноҳия дар намоишгоҳ зарфҳои шишагии пур аз меваҷоту сабзавотро бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ омода ва дар намоишгоҳ пешниҳод карданд.

Маҳсулоти қаннодӣ, ки аз ҷониби ҷавондухтарони ҳунарманд бо меҳри хоса пухта шудаву хеле зебо ороиш ёфта буд, ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд.

Мушоҳида гардид, ҳунари дӯзандагӣ, бофандагӣ, зардузӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзию ҷуроббофӣ, шероздӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ дар ноҳия ба таври назаррас рушд карда истодааст. Тавре бонувон зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маҳсули дасти аҳли ҳунар иброз доштанд, бо васеъ кардани доираи фаъолият дар хона ва коргоҳҳои алоҳида онҳо аз ин манфиати зиёд гирифта, барои пеш бурдани зиндагии худ истифода менамоянд. Занони ҳунарманд инчунин бо мақсади қонеъ кардани талаботи хонандагони мактабҳо духти сару либоси мактабиро низ васеъ ба роҳ монда, бо мактабҳо шартномаи ҳамкорӣ бастаанд.

Дар ноҳияи Рашт дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ заргарӣ низ аз байн нарафта, аз ҷониби оилаҳои алоҳида рушд ёфта, пойдор мемонад. Устоҳои чирадасти ноҳия намудҳои гуногуни маҳсулоти заргарӣ аз қабили гушвору муҳра, бозубанд ва дастмонаву дигар ороишоти нуқрагиро ба маъраз гузоштанд.

Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳунари чубтарошӣ, кандакорӣ ва дуредгарӣ маълуму машҳур аст ва дар намоишгоҳи имрӯза низ устоҳои ҳунарманди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия табақҳои гуногуншаклу қошуқ, гаҳвора, сандуқ, дару тиреза, сабад ва асбобҳои мусиқиро бо ҳунари воло сохта, ба намоишгоҳ оварданд.

Гарчанде дар замони навин истеҳсоли маҳсулоти оҳанӣ ва асбобҳои рузгор пеш рафтаву тараққӣ карда бошад, сифати маҳсулот оҳангарон аз мадди дур назар дур намонд. Онҳо намудҳои гуногуни асбобҳои дар хоҷагӣ зарур, аз қабили корд, досу болға, табар ва дигар таҷҳизотро истеҳсол карданд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бештар навозандагию овозхонии як модари тоҷик, ки дуои бақои давлату Пешвои миллатро карданд, маъқул афтод ва Президенти мамлакат ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳ ба ҳунари волои занону бонувони ҳунарманд, устоҳои чирадаст, оҳангарону дуредгарон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёи расму оинҳои миллӣ ва рушди анъанаҳои хоси аҷдодон ҳидоят намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: