Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таҳрезӣ ва ҷонокнамоии фаъолияти минбаъда

Таҳрезӣ ва ҷонокнамоии фаъолияти минбаъда

26-12-2015, 10:14
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Таҳрезӣ ва ҷонокнамоии фаъолияти минбаъдаРӯзи 26 декабр, маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзоёни Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва масъулини ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Дар маҷлис панҷ масъала мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома «Омӯзиши дастур ва қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 04.12.2015 ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар самти амали намудани онҳо», аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода баромад намуда, дар бораи дастур ва қарорҳои Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз 04.12.2015 ва вазифаҳои дар назди ташкилотҳои ҳизби гузоштаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, ташкилотҳои ҳизбии ноҳияро барои амали намудани ин ҳуҷҷатҳои роҳнамокунанда, вазифадор намуд.

Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Варзоб дар давоми соли 2015, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзо Тавуров баромад намуда, дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давоми соли сипаришуда, ба таври муфассал сухан ронд.

Зимни суханронии худ таъкид намуд, ки новобаста ба мушкилотҳои буҳрони молиявии ҷаҳон, ки таъсираш ба иқтисодиёти мамлакати мо эҳсос карда мешуд, дастовардҳои меҳнатии сокинони ноҳия ва аъзоёни ҲХДТ назаррас буданд.

Инчунин мавсуф дар бораи омилҳое, ки оянда барои мустаҳкам шудани нуфузу эътибори ҲХДТ дар байни ҷомеа нақш доранд, сухан ронда, иштирокдорони маҷлисро ба амалӣ намудани дастурҳои ҳамешагии Президенти мамлакат, Раиси ҲХДТ ва дар фаъолияти тарғиботии худ истифода аз шиори ҲХДТ, «барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» даъват намуд.

Дар муҳокимаи масъалаҳо аъзоёни Кумитаи иҷроия Раҷабова Ш., раиси ташкилоти ибтидоии «Зуҳал», Раҳимов Г., раиси ташкилоти ибтидоии «Машъал», Бозорва А. ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии «Сайёҳ», Зокиров М., раиси ташкилоти ибтидоии «Чорбоғ», Турсунзода Р., мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ноҳия ва дигарон иштирок намуда, дар бораи бурду бохти ташкилотҳои ибтидоии корхонаю муассисаҳои худ сухан ронда, барои пешравии минбаъдаи корҳои ҳизби таклифҳои манфиатнок пешниҳод намуданд.

Сипас. масъалаҳои дигари рӯзнома, ки ба фаъолияти дохили ҳизбӣ, аз ҷумла таҳлили натиҷаи обуна, ба нашрияи «Минбари халқ» ва дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.

Таҳрезӣ ва ҷонокнамоии фаъолияти минбаъдаДар анҷоми кори маҷлис роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов баромад намуда, дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ, ки аз дастуру супоришҳо ҳамешагии Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва масъулияти сокинони ноҳия, алалхусус аъзоёни ҳизб ба таври муфассал сухан ронд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб
Таҳрезӣ ва ҷонокнамоии фаъолияти минбаъда
Таҳрезӣ ва ҷонокнамоии фаъолияти минбаъда
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: