Қабул ба сафи ҳизб26-10-2015, 09:12
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Субҳи имрӯз дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Консой маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси ташкилоти ибтидоии шаҳрак Халилова Мунира баромад намуда, дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият бо роҳбарии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, оиди пос доштан ва риоя намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Дар баромад қайд гардид, ки ҲХДТ-ро бевосита президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ менамоянд, барномаи ҲХДТ барномаи давлатӣ гардидааст ва он бевосита рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро дар бар гирифтааст. Бинобар ин, мо бояд барои амалӣ гардонидани он кӯшиш ба харҷ диҳем ва тамоми аҳли ҷомеа мувофиқи дастур ва супориши роҳбари давлат ва ҲХДТ барои нигаҳ доштан ва ҳифзи амнияти Тоҷикистони азизамон вазифадорем, бо ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа мубориза барем. Дар маҷлис аъзоёни фаъол ва собиқадорони ҳизб Миробидова Ҳафиза, Юнусова Робия баромад намуда, гуфтаҳои раиси ташкилоти ибтидоиро ҷонибдорӣ намуданд, барои пешрафти кори ташкилоти ибтидоӣ пешниҳодҳо доданд, таклиф намуданд, ки танҳо шахсони арзанда ва пешқадами соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба сафи ҳизб қабул карда шаванд. Дар охири маҷлис ба ҳафт нафар кормандони пешқадам шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.