Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

12-10-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 436 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри ҚӯрғонтеппаФаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки ҳайати Раёсат, аъзоёни Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни Ҷамъияти таблиғотии “Фарҳанги сиёсӣ” ва гуруҳҳои таблиғотӣ ҷамъбаст гардид. Дар маҷлис 3 масъала: Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти нуҳ моҳи соли 2015, рафти иҷрои нақшаи Обуна – 2016 ва вазифаҳои навбатӣ оид ба амалигардонии чорабиниҳои ба нақша гирифташудаи истиқболи Рӯзи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-солагии таъсисёбии ҲХДТ дида шуданд.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроия Т.Наҷидуллоев кушода, ҳозиринро бо масъалаҳои рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис баромад карда, аз он ҷумла қайд намуд, ки Кумитаи иҷроия дар нӯҳ моҳи соли равон аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ бо роҳбарии раиси муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ ба як қатор дастовардҳои хуб ноил гашт. Кумитаи иҷроия фаъолияти молиявии худро беҳ намуда, аз музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳо, хизматҳои коммуналӣ қарздор нест, барои кормандон шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.
Оиди масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ С.Қосимова ва аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия Т.Қосимов баромад карданд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроия дар баробари ҷамъбаст дар назди фаъолони ҳизб вазифаҳои навбатиро оид ба амалигардонии Барномаи ҲХДТ гузошт.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: