Маҷлиси раёсати кумитаи иҷроия28-10-2015, 09:40
Хабарро хонданд: 464 нафар
Назарҳо: 0
Мутобиқи нақшаи корӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси раёсати кумитаи иҷроияи мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласа се масъала мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома гузориши муовинони озоди раисони КИИ минтақаи Хистеварз Ҷӯраева М. ва Ёва Солиева М. бобати иҷрои қарорҳои Анҷумани XII ҲХДТ шунида шуд. Оид ба рафти маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” мудири шӯъбаи ташкилӣ А.Охунова баромад намуда, қайд кард, ки айни ҳол нақшаи иҷроиш мутаносибан 87-84% ро ташкил медиҳад. Дар ин самт фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии соҳаи маориф, тандурустӣ, минтақаи ҷамоатҳо, нақлиёт назаррас буда, ташкилотҳои ибтидоии соҳаи кишоварзӣ, саноат, иқтисодиёт ба кашолкорӣ роҳ додаанд. Доири таҳлили сифатии ҳайати аъзоёни ҳизб раиси кумиҷроия М.Мирпоччоева суханронӣ намуда, бобати корҳои басомонрасида, мушаххас маълумот дод. Мавсуф қайд кард, ки айни ҳол қабули аъзоён дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ташкилотҳои ибтидоии минтақаи ҷамоатҳо вазифадоранд, ки бори дигар ҳайати сифатии аъзоёни соҳаи кишоварзиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, то санаи 10 ноябр ба кумиҷроия маълумоти хаттӣ ирсол намоянд. Тибқи қарори ҷаласаи раёсати мазкур узвияти 13 нафар аъзоёни вафоткарда, 4 нафар аъзоёни шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро қабул намуда, қатъ карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.