Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии зӯроварии рӯҳӣ дар оила

Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии зӯроварии рӯҳӣ дар оила

7-06-2018, 08:40
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии  зӯроварии рӯҳӣ дар оила
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.
Мувофиқи қисми 1 моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Инчунин тибқи моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.
Воқеан ҳам, мо тоҷикон ба оила ва оини оиладорӣ аз азал ба таври хоса арҷ мегузорем. Ҷомеаи суннатии мо бидуни оила вуҷуд дошта наметавонад. Оилаҳои солим ҳарчи бештар бошанд, пешрафти давлату ҷомеа низ ҳамон қадар беҳтар таъмин мегардад, зеро инсон тарбияи аввалин ва асосиро аз оила мегирад. Табиист, ки дар оилаҳое, ки меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтиром, дӯстиву бародарӣ, якдиливу якдигарфаҳмӣ ва одобу ахлоқ ҳукмфармост, аз он оила насли ояндадору бомаърифат ба камол мерасад. Ё ба таври дигар, оилаҳои хуб ба ҷомеа фарзандони хубро эҳдо мекунанд, ки ҳам ба давлат, ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба худи оила манфиатовар мебошад.
Ин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории аҳолӣ соли 2015 ҳамчун Соли оила эълон гардида, як зумра чорабиниҳои ҳаётан муҳим дар амал татбиқ шуданд. Вале боиси таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам дар аксари оилаҳо муносибатҳои ба зӯроварӣ алоқаманд, махсусан зӯроварии руҳӣ аз ҷониби як узви оила нисбати дигар узви оила ё баръакси он мушоҳида мегарданд.
Дар сархати чоруми моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” мафҳуми зӯроварии руҳӣ дар оила чунин оварда шудааст:
- Зӯроварии рӯҳӣ дар оила - таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад.
Аслан зӯроварӣ дар оила худ зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ мебошад, чунки он дар навбати аввал ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва шахсони солхӯрдаро поймол менамояд. Бо ҳамин сабаб ҳам муҳофизати шаҳрвандон аз зӯроварии хонаводагӣ аз тарафи давлат ҳалли як қатор масъалаҳои ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тиббӣ ва ғайраро тақозо менамояд.
Чандин ҳолатҳое мавҷуданд, ки зӯроварӣ дар оила дар заминаи рӯҳияи носолим ва бемории рӯҳӣ рӯх медиҳад. Заифии равонӣ ва рӯҳияи носолим яке аз сабабҳои асосии сар задани зӯроварии рӯҳӣ мебошад. Масалан, дар оила мард бо таъсиррасонӣ ба эҳсосот ва рӯҳияи зан, мекӯшад худро фармонравои оила эътироф намояд. Ин омил дар натиҷаи номутобиқшавии шахс ба ҷамъият ва дар ҷаҳорчубаи маҳдуд зистан ба вуҷуд меояд.
Аз сар гузаронидани ҷарроҳати вазнини равонӣ яке аз сабабҳои асосии ин омил ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, бояд иҷрои меъёрҳои дахлдори Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ёрии равонпизишкӣ таъмин шуда, муассисаҳои тиббӣ ва тамоми аҳли ҷомеа дар муайян намудани шахсони заифии равонидошта ва бо табобату корҳои профилактикӣ фаро гирифтани онҳо фаъол бошанд.
Ҳастанд шахсоне, ки барои баланд кардани худбаҳодиҳии хеш аз зӯроварии рӯҳӣ истифода мебаранд. Надоштани таълимоти кофӣ ё фикри худро озодона иброз карда натавонистан имкон намедиҳад, ки шахс дар муносибатҳои оилавӣ тавассути сухан муоширати оромонаву хуб карда тавонад. (Масалан, зуд асабӣ, ғазабнок, бадқаҳр шудан ва ғайра)
Вобаста ба ин, ҳодисаи 14-уми апрели соли 2017 рухдодаро мисол овардан бамаврид аст. Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Б.Ю. ҳамсари 24-солааш Х.Ю.-ро соати 8:00-и субҳ ба ҳалқаи дор овехтааст. Аз рӯи нақли ҷабрдида, шавҳараш аз рӯзи аввали зиндагонии якҷоя ҳамеша бо ҳар баҳона ӯро лату кӯб ва таҳқир мекард, вале ба хотири сиёҳбахту вайрон нашудани зиндагиашон ӯ ба касе чизе намегуфт. Сабаби ба дор овехтан бошад симкорте шудааст, ки Х.Ю. ҳангоми шустани мошини шавҳараш тасодуфан ёфта, фаҳмидан хостааст, ки шавҳараш аз ин рақами пинҳонӣ бо кӣ суҳбат мекунад. Дар ин ҳолат шавҳар ғазабнок шуда, бераҳмона лату кӯбаш карда, баъд мӯйи сарашро бо қайчӣ тарошида “ман туро мекушам!” гӯён, зӯран ба гарданаш ҳалқаи дорро андохта, ӯро овезон кардааст. Хушбахтона, банди дор канда шуда, Х.Ю. аз марг наҷот ёфт. Аммо агар банд канда намешуд-чӣ? Бонуи 24-солае ҷавонмарг ва ду кӯдаки дигар ятим мемонд.
Яке аз омилҳои дигари зӯроварӣ дар оила паст будани вазъи моддӣ мебошад. Аксарияти занҳо дар деҳот ва ҳатто шаҳрҳо хонашин буда, дар ғанӣ гардонидани буҷети оила саҳм надоранд. Барои ҳамин бо оддитарин хатогӣ мавриди зӯроварии рӯҳӣ аз ҷониби шавҳар ё узви оилааш гашта метавонанд. Аз ин рӯ, бояд касбомӯзии занҳои хонашин, бо зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтан ва саҳми онҳоро дар хубтар намудани вазъияти моддии оила беҳтар кардан манфиатовар аст.
Зӯроварӣ нисбат ба занон метавонад дар ҳама ҷо – дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷойи кор, кӯча, нақлиёт ва дар хона ҷой дошта бошад. Зӯроварӣ дар ин ё он шакл дар ҳар оилаи чорум ба мушоҳида мерасад. Наздики 30%-и шумораи умумии худкушиҳое, ки дар оила ба амал меоянд, нисфи ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба сабабҳои маишӣ (рашк, майзадагӣ, авбошӣ) дар натиҷаи ҷангу ҷидолҳои тӯлонии оилавӣ рух медиҳанд. Дар ҳамаи ин ҳодисаҳо характери зӯроварӣ метавонад гуногун бошад ва аз ҳуқуқвайронкуниҳои хоси маъмурӣ то ҷиноятҳои вазнин омада расад.
Масалан, 27 апрели соли гузашта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон ном шаҳрванди 40 сола дар пеши чашми кӯдаконаш ҳамсараш Зарринаро 11 корд зада, ҷисмашро пора-пора карда, ба ҳалокат расонидааст. Маълум гашт, ки сабаби ин фоҷиа рашки беасос ва хушунати хонаводагӣ буда, мард ҳамсарашро тайи чандин солҳо мавриди лату куби бераҳмона ва зулму ситам қарор дода, доимо таҳқиру таҳдидаш мекардааст. Лекин зан ва аҳли хонаводааш аз тарс баҳри дифои ҳуқуқҳояшон коре накарда, хомӯширо ихтиёр кардаанд.
Пӯшида нест, ки дар дигар давлатҳо ҳам, аз ҷумла дар Фаронса 95% ва дар Перу 70% ҷабрдидагони ҷиноятҳои гуногун занону духтаронанд. Дар Ҳиндустон аз ҳар 10 нафар зан, 8 нафарашон аз зӯроварӣ ҷабр мебинанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид сабаби тахминан нисфи ҳалокатҳои занон дар сайёра зӯроварӣ аст. Чун ҳадди ақал 20% занон дар ҷаҳон замоне дучор ё гирифтори зӯроварии ҷисмонӣ ё шаҳвонӣ ва ё муносибати бераҳмона аз тарафи мардон шудаанд.
Ногуфта намонад, ки агар пештар танҳо занон аз «зулму ситам» ва «ҷабр»-и ҳамсари худ ба полис шикоят мекарданд, ҳоло мардон низ истисно нестанд. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ҷараёни наве ба мушоҳида мерасад, ки мардон ҳам мавриди хушунату зӯроварии оилавӣ қарор мегиранд.
Таҳлилгари масоили гендерӣ Саодат Қурбонова мегӯяд, чанд сабаби ҷиддӣ ҳам дар миён ҳаст, ки занҳо болои шавҳаронашон ба истилоҳ, аз «зулму ситам» кор мегиранд. Ба андешаи ӯ вақте мард дар хона кор намекунад, нисбати зану фарзандонаш бепарво аст, албатта, зан нисбат ба мард зӯроварӣ мекунад. Инро фаҳмидан мумкин. Лекин аз ҷиҳати дигар, ҳоло занҳои тоҷик бисёр хашмгину асабонӣ шудаанд, шояд ба сабаби он, ки моҳҳо ва солҳои дароз мардҳояшон дар муҳоҷиратанд, худашон танҳо бори зиндагиро мекашанд. Аз ин рӯ, занҳо ҳам бисёр вақт худашон ҷанҷолҳои оилавиро сар мекунанд.
Таҳлилгарони мавзӯи хушунати хонаводагӣ бар онанд, ки дар аксар маврид занҳо нисбат ба шавҳарони худ на аз зӯри бозу ва зарбу лат, балки аз фишорҳои равонӣ кор мегиранд, ки барои рӯҳияи мард таъсири манфии бештар доштааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба менталилету мардсолорӣ дар фарҳанги рӯзгордории тоҷикон, дар аксар маврид далели вуҷуди хушунати оилавӣ нисбат ба мард, аз ҷониби худи мардон пинҳон нигоҳ дошта мешавад.
Ф. Рауфов, корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила на танҳо занҳо мебошанд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки маҳз ба сабаби зӯроварии занҳо дар оила мардон даст ба худкушӣ задаанд. Дар соли 2016 ва нимсолаи аввали соли 2017 аз шумораи умумии шахсоне, ки даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он ниҳодаанд, 55 %-ро мардҳо ва 45 %-ро занҳо ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асосан ба зӯроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, зӯроварии рӯҳӣ ва иқтисодӣ, аксар ҳолатҳо беҷазо мемонад. Аз ин рӯ, бояд механизмҳои қавитари мубориза ба зӯроварии рӯҳӣ ва иқтисодӣ таҳия гардад.
Тибқи Қонун пешгирии зӯроварӣ дар оила - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда мебошанд, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир баҳри пешгирии зӯроварии оилавӣ заминаҳои ҳуқуқӣ пурра фароҳам оварда шудааст. Хусусан, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва аз ҳама муҳим баланд бардоштани маърифати оиладории аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” соли 2013 қабул шудааст. Инчунин, қабули Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, № 294 тасдиқ шудааст, баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба хусус омилҳои зӯроварӣ дар оила заминаҳои ҳуқуқиро муҳайё кардааст.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ дар назди шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 105 марказҳои иттилоотию машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон ва равоншиносон ба шаҳрвандон кӯмаки амалӣ мерасонанд.
Аз мазмуни Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила бармеояд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 33 марказҳои буҳронӣ ва 3 паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар назди мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки бевосита ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила хизмат мерасонанд.
Яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани чунин амалҳо, ин пурзӯр намудани фаъолияти хадамоти равоншиносӣ мебошад, ки мутаассифона он дар Тоҷикистон ба андозаи зарурӣ рушд накардааст. Хусусан, як шохаи он, ки равоншиносии оилавӣ аст, ба рушду такомул ниёзи бештар дорад. Аз ин рӯ, дар самти рушд додани соҳаи равоншиносӣ чораҳои муассир андешидан зарур ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар миёни аҳолӣ мунтазам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, инъикоси воқеии омилҳо ва натиҷаҳои зӯроварӣ дар оила, таҳияи маводҳои аудиовизуалии тарбиявӣ, барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ бо шахсони дар қайди профилактикӣ қарордошта бурдани корҳои фардӣ-профилактикӣ, гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ ҷиҳати муайян намудани оилаҳои носолим ва ноустувор, ҷалби ходимони дин барои мусоидат дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар оила, ба омӯзиши касбӣ ҷалб кардани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва бо ҷойҳои доимии корӣ таъмин намудани онҳо аз тадбирҳое мебошанд, ки баҳри пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои зӯроварӣ дар оила, махсусан зӯроварии рӯҳӣ мусоидат менамоянд.


Манучеҳр Ҳамидзод,
корманди Маркази
миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: