Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Парлумон: мавзӯи зӯроварӣ дар оила меҳвари суҳбати вакилон гардид

Парлумон: мавзӯи зӯроварӣ дар оила меҳвари суҳбати вакилон гардид

22-05-2018, 08:26
Хабарро хонданд: 265 нафар
Назарҳо: 0
Парлумон: мавзӯи зӯроварӣ дар оила меҳвари суҳбати вакилон гардид

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ мизи мудаввар дар мавзӯи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд. Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода баромад намуданд. Баромадкунандагон аз ҷумла, дар бораи тасдиқи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва чанд санади дигар ибрози андеша намуданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур ҳамчунин дар назди иштирокдорони мизи мудаввар прокурори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура Лутфулло Саидзода баромад намуд.

Дар анҷоми мизи мудаввар коршиносони соҳа ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: