Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оила марзи муҳаббат, на ҷойи хушунат

Оила марзи муҳаббат, на ҷойи хушунат

25-11-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 554 нафар
Назарҳо: 0
Оила марзи муҳаббат, на ҷойи хушунат
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ рӯзи 25 ноябри соли 2015 дар толори МД «Кохи Ваҳдат» бахшида ба Соли оила дар мавзуи «Оила – марзи муҳаббат, на ҷои хушунат» мизи мудаввар барпо гардид.

Иқдоми Соли Оила бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи илмӣ-амалӣ, фарҳангию варзишӣ ва таблиғотӣ сурат гирифта истодаанд. Ҳамаи ин чорабиниҳо бо мақсади ташаккули оилаи солим, боз ҳам фарогир шудани марзи муҳаббати хонаводагӣ ва рафъи хушунат дар оила ва оиладорӣ доир мегарданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ барои амалӣ гаштани ин ҳадаф бо сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занони фаъол – намояндагони аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъият, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамояд.

Дар мизи мудаввар Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Оила макони меҳру муҳаббат», Марҳабо Олимӣ, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рафти иҷрои Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар хонавода», Лола Бобоҳоҷиева, муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Саломатии оила ва оқибатҳои зӯроварӣ», Дилбари Маҳмадшароф, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи « Татбиқи қонун – асоси мустаҳкамии оила», Весна Иванович-Кастаред, мутахассиси масоили ҳуқуқии САҲА оид ба «Дастбанди сафед – рамзи дастгирии занон», Наргис Ҷураева, ҳуқуқшиноси ИҶ Маркази занон «Гулрухсор» дар бораи «Асосҳои ҳуқуқии ҳимояи қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ» суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин ин чорабинӣ оғози маъракаи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон мегузарад. Чорабинии имсола бо унвони фаъолгардии занон ва дастгирӣ аз ҷониби аъзоени ҷомеа барои пешниҳоди занон ба нақша гирифта шудааст.
©Маркази матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: