Фарҷоми нохуш10-04-2018, 11:43
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Чанд рӯз пештар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Филиали ташкилоти Геселшафт фюр Организатсион, Планунг унд Аусбилдинг (ГОПА) МБХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Пешгирии зўроварӣ дар оила (PDV) дар Маркази тиҷоратии “Вефа” оид ба мавзўи “Таҳлили ҷанбаъҳои инъикоси мавзўъҳои зўроварӣ дар оила ва мусоидат ба баробарии гендерӣ дар ВАО-воқеият ва дурнамо” ҷиҳати амалигардонии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, барои журналистон тренинги омўзишӣ баргузор намуд. Зимни ифтитоҳи семинар Ҷавоҳир Акобирова, намояндаи Кумитаи мазкур доир ба муҳиммият ва зарурати баррасии мавзӯи мазкур иброз дошт, ки имрӯз занон дар ҷомеа бештар гирифтори зўроварӣ дар оила мегарданд. - Зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила зуҳуротест, ки фарҷоми нохушоянд ва фоҷиабор дорад. Он ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои шахсият, ҷамъият ва давлат хавфнок мебошад. Он хилофи раванди таълиму тарбия ва арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, ба талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва замони муосир ягон умумият ва иртиботе надошта, метавонад ба генофонди миллӣ низ таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири равонӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намояд. Хушунату зӯроварӣ дар оила аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи мо арзёбӣ гашта, барои пешгирӣ аз ин амали номатлуб чораҳои ҷиддӣ бояд андешид. Барои ҳамин дар инъикоси дуруст, таҳлил, дарёфт, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои асосиии ба зӯроварии оилавӣ мусоидаткунанда нақши шумо, рӯзноманигорон хеле муҳим мебошад,-меафзояд дар идомаи суханаш Ҷ. Акобирова. Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми якунимсол тақрибан 2100 нафар қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ ошкор гардидааст, ки аз ин 57 фоиз ҳамсарон, 14 фоиз хушдоманҳо ва 14 фоиз дигар аъзоёни оила мебошанд. Аз шумораи умумии онҳо 85 фоизашро занон ва 15 фоизашро мардон ташкил медиҳанд. Аз 2100 нафар қурбониён, ки аксарияташ занонан, баъд аз муноқишаи оилавӣ танҳо 34 фисад ба оилаҳои худ баргаштаанд. Бадии кор дар он аст, ки баъзе аз ин занон дар хонаи волидони худ ҳам бештар ранҷ мекашанд. Аз дасти онҳо ғайр аз кори хона, дигар коре намеояд, то ки баромада кор кунанду зиндагии худ ва фарзандонашонро пеш баранд. Сипас Виорелия Русу, мутахассиси пешгирии зӯроварии хонаводагии Лоиҳа оид ба мавзӯи “Ҷанбаъҳои этикӣ ва муносибати ҳамаҷониба барои фарогирии мушкилоти зӯроварии хонаводагӣ” зимни маърӯзаи хеш гуфт: «Вақте ки шумо дар бораи хушунати хонаводагӣ дар ВАО менависед, намоиш медиҳед ё ин ки барнома пахш мекунед, пеш аз ҳама ин мавзӯъро ҳаматарафа омӯзед ва назари шахсии худро дошта бошед, то ки ҳангоми навиштану таҳлил кардан ба хатоӣ роҳ надиҳед. Шумо хуб бояд дарк кунед, ки ҳама гуна зӯроварӣ раванди ғайримуқаррарӣ аст ва бо ин мубориза бурдан лозим аст. Ғайр аз ин, ҳангоми тайёр кардани мавод, барномаи радиову телевизионӣ шумо паҳлуҳои этикӣ ва эҳтимолии онро бештар ба инобат гиред, чунки як мақола ё барномаи нодуруст таҳрезишуда метавонад раванди хушунати хонаводагиро на кам, балки баръакс зиёдтар намояд. Қалам чунон қудрат дорад, ки метавонад ҷони садҳо одамро аз вартаи нобудшавӣ барорад ё баръакс... Барои ҳамин вақти навиштани мавзӯъҳои зўроварии хонаводагӣ шумо бояд ба эҳсосот дода нашавед, чунки ин мавзўъ бисёр нозук ва эҳсосотӣ аст. Калимаҳову ҷумлаҳоеро интихоб карда нависед, ки созанда бошанд на сўзанда. Вақте дар бораи хушунат ё зўроварии як оила менависед, кўшиш кунед, ки нишонаҳои (акс, видео, ному насаби дурусти ҳамон оила, набудани мўйисар, ангушт, холе дар бадан ва ѓайраро) истифода накунед, чунки ин нишонаҳо ба зиндагии ояндаи онҳо метавонад латма ворид созад. Ӯ вобаста ба мавзӯъ чунин мисол овард: Чандсол пеш дар Молдова зане ҳамчун ѓуломи ҷинсӣ (сексуальная рабство) фурўхта мешавад. Баъд аз истифодаи зиёди хушунату зўроварии ҷинсӣ ҳомиладор мешавад. Шахсоне, ки вайро ҳамчун фоҳиша истифода мебурданд, баъд аз бордор шудан ба кўча беҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахс бароварда мепартоянд. Зан бо душвориҳои зиёд ба ватани худ бармегардад ва ин ҷо фарзанди беангушти даст таваллуд мекунад. Рўзе журналисте аз ин қисса бохабар шуда, дар бораи ранҷу шиканҷаи зан мақолае менависад. Ў ҳарчанд ному насаб, аксу дар аз куҷо будани занро наменависад, аммо фарзанди беангуштро ишора мекунад. Ин нишонаро ҳамдеҳагони ў хонда, мефаҳманд, ки ин зан кист. Баъд аз хабар ёфтан зан дар ин деҳа дигар рўзи хушро намебинад. Ўро аз чоҳ об гирифтан намемонанд, чунки фоҳиша будаасту фарзанди “ҳаромӣ” ба дунё оварда аст. Аз вай тамоми ҳамдеҳагону хешовандонаш рўй мегардонанд. Касе бо ў суҳбат намекунад, дар тўю маъракаҳо роҳ намедиҳанд. Зан аз чунин рафтор ҳамдеҳагонаш монда шуда, аз шарм даст ба худкушӣ мезанад. Аммо ўро наҷот медиҳанд. Баъд аз он як ширкати хайрхоҳ, ки ба чунин шахсон мадад мерасонад, занро нигоҳубин карда, касб меомўзонанд, то ки кор карда зиндагии шоиста кунад". -Мутаасифона чунин мисолҳои равшанро аз ВАО-и кишварҳои ИДМ зиёд овардан мумкин аст. Инро дида дар давлатҳои рў ба тараққи аксу видеоҳое, ки дар он хушунати хонаводагӣ дида мешавад, равшан нишон доданро манъ кардаанд. Онҳо имрўз тарзе нишон медиҳанд, ки шахс ё нишонае номаълум аст. Барои ҳамин, шумо журналистон матлаби тайёкардаи худро тавре пешниҳод кунед, ки созанда бошад на сўзанда, -афзуд дар идомаи суханаш Виорелия Русу. Ҳамзамон аз тарафи дигар коршиносони соҳа таъкид карда шуд, ки ҳангоми инъикоси ин мавзӯъ дар расонаҳои хабарӣ бояд ба тарзи дурусти таҳлили мавзӯъ, риояи одоб ва принсипҳои зарурӣ ҳангоми таҳияи маводҳо дар мавзӯъҳои баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа, кашфи омилҳое, ки барои зӯроварӣ дар оила замина фароҳам меоранд ва роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Инчунин, дар рафти тренинг масоили мубрами ҷомеа, аз қабили поймолшавии ҳуқуқи занон, хушунати хонаводагӣ, зӯроварӣ нисбат ба занону кӯдакон, роҳҳои пешгирӣ аз ин падидаи но матлуби ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳасан АЗИЗОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.